Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 May 2012

21 майи соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шахри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳолати роҳҳои автомобилгарди шаҳрӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа роҳбарияти Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ, Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии  Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, прокуратураи шаҳри Душанбе дар радифи дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ, роҳбарони ҷамъиятҳои воситаҳои нақлиёти хусусии хизматрасони ҷамъиятӣ, корхонаҳои марбутаи коммуналии шаҳр,  комиссияҳои ҷамъиятии назоратбаранда аз фаъолияти хатсайрҳои мусофиркашонӣ ва фармоишгарону пудратчиёни ба таъмири роҳҳои шаҳр  масъулбуда ширкат варзиданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дарназардошти супоришҳои дар ҷаласаи 7 майи соли ҷорӣ оид ба беҳбудбахшии вазъи хизматрасонии нақлиёти  ҷамъиятӣ, риояи хатсайру меъёрҳои техникӣ дар воситаҳои хизматрасон ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва  шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии  Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ироагардида, аз рафти корҳои ислоҳӣ натиҷагирӣ намуда, бо нигаронӣ аз ҳолати ҷойдошта ба масъулин мӯҳлатҳои ниҳоӣ муқаррар кард.

Дар ин зимн кори комиссияҳои ҷамъиятии дар асоси Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори оммаи мустақил созмон ёфтаро оид ба пешбурди назорати ҷамъиятӣ  аз фаъолияти хатсайрҳои мусофиркашонӣ ѓайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, аз прокуратураи шаҳр хоҳиш ба амал овард, ки дар радифи фаъолияти субъектҳои хизматрасони нақлиётӣ кори комиссияҳои мазкурро низ маврид санҷиш қарор диҳад.

Бо муқаррар намудани охирин ҷазо ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдулҳақ Оев ва директори КВДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» Абдуҳомид Шералиев ба масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур фармуд, ки тибқи муқаррароти Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе фаъолияти терминалҳои беруназшаҳриро барои пешгирӣ аз худсарона воридшавии нақлиёти байнишаҳрӣ ба ҳудуди шаҳр мавриди санҷиш ва назорати қатъӣ қарор дода шавад.

Бо дахли масоили таъмири роҳҳои бар асари сардиҳои зимистон харобгардида   ва сифати корҳои таъмирӣ аз тӯлкашии корҳо аз ҷониби бархе аз пудратчиён изҳори нигаронӣ намуда, қатъиян супориш дод, ки корҳои боқимондаро  бо сифати баланд ва дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом расонанд.

Дар робита ба ин аз прокуратураи шаҳр хоҳиш кард, ки назорати прокурориро вобаста ба сифати корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо пурзӯр намуда, комиссияи марбутаи депутатӣ дар ин самт корҳои таъмирӣ ва азнавсозии роҳҳои дар тӯли 10 сол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиён аз ҳисоби маблаѓҳои буҷетӣ анҷомгирифтаро  аз нигоҳи мутобиқат ба меъёрҳои сохтмонӣ,  сифат ва мӯҳлати истифодабарӣ санҷиш намуда, унвонии Раиси шаҳр маълумот пешниҳод намояд.