Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 May 2012

23 майи соли 2012 дар доираи «Даҳ Рӯзи ҷавонони шаҳри Душанбе» дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо фаъолҷавонони шаҳр, ки аз нигоҳи касбу кор муаррифгари тамоми қишри ҷомеаи ҷавони пойтахт маҳсуб меёфтанд баргузор гардид.

Дар мулоқоти рӯ ба рӯ, ки дар фазои ошкоро ва озодбаёнӣ доир гардид, қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев дар партави табрикоти Роҳбари давлат бахшида ба Рӯзи ҷавонон аҳли толорро самимона шодбош намуда, аз ҳар кадоми онҳо барои нақши муассир гузоштан дар пешрафту ободонии шаҳр ва касби асрори илму дониш даъват ба миён оварда, дар кору зиндагияшон барору  иқбол таманно кард.

Зимни сӯҳбати ошкоро, ки беш аз се соат идома ёфт  Раиси шаҳр аз дархосту ниёзҳои ҷавонон бархӯрдор гардида, дар ҳалли онҳо бо инобати ҷалби потенсиали ҷавонони ташаббускор ба масъулини шаҳрдорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулоса аз мавқеъгириҳои нокифояи ҷавонон ва камбархурдории онҳо аз иттилои мавҷуда аз ҳаёти шаҳр, ки мебоист шумораи саволҳо, пешниҳодҳо ва масъалагузориҳо баҳри мусоидат ба пешрафти ҳаёти ҷавонон дар шаҳр бештар мебуданд, аз камфаъолии ҷавонон нигаронӣ карда, барои идомаи сӯҳбат ва мукотибаҳои мақсаднок таъкид намуд, ки ҷавонон имкон доранд дар мӯҳлати як моҳ дархосту пешниҳодоташонро тариқи почтаи электронии Раиси шаҳр dushanbe80@yahoo.com, саҳифаи Раиси шаҳр дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук ё худ тавассути Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ирсол созанд.