Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 May 2012

Дар бораи абадӣ гардонидани  хотираи Шоири халқии Тоҷикистон

 Сафармуҳаммад Айюбӣ

 Бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Сафармуҳаммад Айюбӣ, ки дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ саҳми босазо гузоштааст, бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе №55 аз 30 майи соли 2002 «Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи мутобиқи қонунгузорӣ ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки дар тараққиёти пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд ё ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд» ва бо дарназардошти протоколи маҷлиси Комиссияи номгузорӣ ва азнавномгузории кӯча, хиёбон, майдон, муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе  №1 аз 24 феврали соли 2012,  мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

                                  ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар бораи номгузорӣ намудани кӯчаи 9 январи ноҳияи Сино, ба номи Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Сафармуҳаммад Айюбӣ таклиф пешниҳод карда шавад.

2.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н.  гузошта шавад.

                                                                                        М. УБАЙДУЛЛОЕВ