Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 May 2012

25 майи соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ оид ба баррасии масъалаҳои омодагии шаҳрдорӣ ба таҷлили 15 –солагии Рўзи ваҳдати миллӣ  таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа Раиси шаҳр ба нақшаи қаблан тасдиқгардидаи шаҳрдорӣ оид ба  таҷлили 15 –солагии Рўзи ваҳдати миллӣ тағйирот ворид намуда, тақвими баргузории чорабиниҳои шаҳриро ба ифтихори ин санаи тақдирсози миллӣ – 27 июни соли 2012 тариқи зайл муайян кард:

·        соати 900  бо  инобати 15-солагии Рўзи ваҳдати миллӣ дар таносуби чор ноҳияҳои шаҳр баргузории тўйи арўсию домодии 60 нафар (15х4) ҷавонон аз оилаҳои ниёзманд (минбаъд мутобиқ ба солгарди Рўзи ваҳдати миллӣ афзунбахшии бунёди оилаҳои ҷавон) бо тақдими тўҳфаҳо  ва маблағи молиявӣ дар ҳаҷми умумии 5827 сомонӣ ба ҳар як ҷавони навхонадор ва доир намудани расми тантанваии супоридани шаҳодатномаҳои ақди никоҳ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и Макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

·        соати 1000 – баргузории пойгаи аспдавонӣ дар Муассисаи давлатии «Наврўзгоҳи пойтахт» (воридшавӣ тавассути чиптаҳо);

·        соати 10 то 1130  баргузории чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ноҳиявӣ  дар Боғи Дўстии Халқҳо (н.Фирдавсӣ), Боғи Ирам (н. И. Сомонӣ), Кўли ҷавонон (н. Сино), майдони 800-солагии Москва бо дарназардошти пешниҳоди 50% пардохти ҳамагуна хизматрасонии қаҳвахонаи «Москва» барои мизоҷон (н. Шоҳмансур);

·        соати 1800 то 2100 – гўштини миллӣ дар варзишгоҳии Марказии шаҳри Душанбе (воридшавӣ озод);

·        соати 2000  -баргузории барномаи фарҳангии сатҳи шаҳрӣ ба ифтихори 15-солагии Рўзи ваҳдати миллӣ  дар Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт».

Дар ин зимн муқаррар сохт, ки 27 июни соли 2012 дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе сайругашти  оммавии сокинон ташкил карда шуда, барои хизматрасонии онҳо бо пешниҳоди маҷмўи муҳимот фаъолияти боғҳо аз соати 800 то 2300  роҳандозӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон директори навтаъини КВД «Маркази Дўстӣ- Интернет- кафе» (Боулдер - Душанбе) Олим Маҳкамов муваззаф гардид, ки видеоконфронсҳои муҳассилини шаҳри Душанбе, ки дар донишкадаҳои олии хориҷ аз марзи ИДМ таҳсил менамоянд, бо волидон ва ҳамтоёнашон аз пойтахт тариқи ройгон аз соати 800 то 2300  доир намояд.

Инчунин дар ҷаласа тибқи дастури шаҳрдор ба ифтихори Рўзи ваҳдати миллӣ аксияи чиптаҳои воридшавӣ ба маблағи 1 сомонӣ дар  Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» то 27 июни соли 2012 тамдид карда шуд.

Бо тасдиқи тақвими баргузории чорабиниҳои мазкур роҳбарияти шаҳр аз кулли сокинони пойтахт ва меҳмонони он даъват ба миён овард, ки зимни иштирок дар ин маъракаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ,  одоби ҳамида,  фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ муносибат намоянд.