Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 May 2012

 

Дар бораи таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномави иншооти «Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата дар хиёбони Рӯдакӣ (рӯ ба рӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон)»

 

Бо мақсади татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, бо дарназардошти Протоколи ҷаласаи назди Раиси шаҳри Душанбе аз 6 марти соли 2012, хулосаи экспертии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №ЭД-269 аз 6 апрели соли 2012  ва хулосаи Прокуратураи шаҳри Душанбе №7-12/405 в/т аз 25 апрели соли 2012, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва моддаҳои 17 ва 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Бинобар сабаби дар мӯҳлати муқарраргардида ворид нагаштани пешниҳодҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар озмуни эълонгардида, Қарори Раиси шаҳри Душанбе №96 аз 25 феврали соли 2012 «Дар бораи эълон намудани озмуни кушод ҷиҳати интихоби сармоягузорон байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба бунёди маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёна бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи зеризаминии дуқабата дар хиёбони Рӯдакӣ» бекор карда шавад.

2. Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе (Анваров С.С.) фармоишгари иншооти «Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи якқабатаи зеризаминӣ дар хиёбони Рӯдакӣ (рӯ ба рӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон)» муқаррар карда, лоиҳаи Шартномаи сетарафаи замимагардидаи байни Раёсати мазкур, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти дорои масъулиташ маҳдуди «Ростовгипрошахт»-и шаҳри Ростови лаби Дони Федератсияи Россия оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавии иншооти номбурда, ки аз чор адад бинои баландошёна (як адад 12 ошёна, ду адад 14 ошёна ва як адад 16 ошёна) иборат буда, дар қитъаҳои замини зери биноҳои истиқоматию маъмурии №№124, 126, 128, 130, 130а, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Говоров 4, дар масоҳати умумии 0,72 (сифр аз сад ҳафтоду ду) га бунёд мегардад, қобили қабул дониста шавад.

3.Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба нархгузорӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши бозории моликияти бартарафшаванда, ки аз талаботи банди 2-и Қарори мазкур бармеояд, муайян сохта пешниҳод намояд.

4.Сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе Кенҷаев Д.М.:

-ваколатдор карда шавад, ки Шартномаи сетарафаи пудрати лоиҳакашии мазкурро аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расонад;

-маблаѓгузории корҳои лоиҳакашии иншооти «Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи якқабатаи зеризаминӣ дар хиёбони Рӯдакӣ (рӯ ба рӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон)»-ро дар асоси Шартномаи сетарафаи пудрати лоиҳакашӣ аз ҳисоби бақияи маблаѓҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба маблаѓи 4 156 500 (чор миллиону як саду панҷоҳу шаш ҳазору панҷсад) сомонӣ, муодил ба 24 449 745 (бисту чор миллиону чорсаду чилу нӯҳ ҳазору ҳафтсаду чилу панҷ) рубли русӣ, таъмин намояд.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе – мутасаддии соҳаи сохтмон гузошта шавад.

 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ