Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 May 2012

Дар  бораи   дастгирии   ташаббуси   эҳсонкории

субъектҳои   соҳибкорию    хоҷагидорӣ   ҷиҳати

баргузории  тӯйи  домодию  арӯсии  ҷавонон аз

оилаҳои камбизоат дар шаҳри Душанбе

 
       Бо мақсади дастгирии ташаббуси эхсонкории субъектҳои соҳибкорӣ бобати саҳмгузорӣ дар баргузории тӯйи домодию арӯсии ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ба муносибати таҷлили 15-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 3,4 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эҳсонкорӣ»


                                         ҚАРОР  МЕКУНАМ:

      1. Ташаббуси эҳсонкории субъектҳои соҳибкорию хоҷагидории пойтахти кишвар тибқи замимаи № 1 бобати саҳмгузорӣ дар баргузории 60 (шаст) тӯйи домодию арӯсии ҷавонон аз оилаҳои камбизоати шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили 15-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қобили қабул  дониста, мавриди дастгирӣ қарор дода шавад.

      2. Аз Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ (Алиаҳмадова Н.) хоҳиш карда шавад, ки дар ҳамкорӣ бо раисони шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр, Шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Мӯсоева Ш.Р.) ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ҷиҳати татбиқи чорабиниҳо вобаста ба баргузории тӯйи домодию арӯсии ҷавонони оилаҳои камбизоат ба муносибати таҷлили 15-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чораҳои амалии таъхирнопазир андешад. 

      3.Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

      4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                                                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ

                                                                            

   Замимаи №1

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№280 аз 30 майи соли 2012

 

Нақшаи

сармоягузории субъектҳои соҳибкорию хоҷагидорӣ ҷиҳати баргузории  тӯйи  домодию  арӯсии  ҷавонони  камбизоат  дар шаҳри Душанбе

 

 

Номгӯи ташкилоту идора ва субъектҳои соҳибкорӣ

Ному насаби шахси мутасаддӣ

Маблаѓи эҳсонкории субъекти соҳибкорӣ

(41000 сомонӣ)

1.

Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк»

Ҳасанова Г.К.

 

41000

2.

Раёсати андози шаҳри Душанбе

Назаров Б.М.

 

41000

3.

Раёсати хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Муродов А.Р.

 

41000

4.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксемент»

Зувайдов М.М.

 

41000

5.

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Вавилон Мобайл»

Файзуллоев Б.Ҳ.

 

41000

6.

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Индиго Тоҷикистон»

Ҳошимов О.

 

41000

7.

Меҳмонхонаи «Тоҷикистон»

Зиёев Ҳ.

 

41000

8.

Меҳмонхонаи «Душанбе Серена»

Додхудоев Ф.

 

41000

9.

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тоҷикмебел»

Мухаков А.

 

41000

10.

Бозори «Султони Кабир»

Кабиров А.

 

41000

11.

Бозори «Сафариён»

Гулов М.

 

41000

             Ҳамагӣ

451000