Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 June 2012

 

Дар бораи  баргузории Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар шаҳри Душанбе

          Бо мақсади татбиқи барномаҳои экологии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе,  иҷрои банди 5-и Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011 ҷиҳати омодагиҳо ба таҷлили 90-солагии мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани шаҳри Душанбе аз 25 марти соли 2012 то 1 октябри соли 2014 дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе эълон  гардидани «30 моҳи ободонӣ», мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1.                Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ҷиҳати баргузории Рӯзи байналмилалии муҳити зист 5 июни соли дар шаҳри Душанбе тасдиқ  карда шаванд.

2.                Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н., раиси ноҳияи Фирдавсӣ Алиев С.А.  ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Ҷураев А.Ш.) барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани чорабинии мазкур чораҳои амалӣ андешанд.

3.                Раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ - Қурбонов А.Ҷ., Сино - Сафаров З.А., Фирдавсӣ - Алиев С.А. ва и.в.раиси ноҳияи Шоҳмансур -Бобоев С.Қ., Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Ҷураев А.Ш.), Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (Қурбонов Д.М.)  ва Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (Бобоева Г.И.) барои дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва аксияҳои экологии «Тозагии соҳил» - 26 май ва «Тозагии маҳал» -2 июни соли 2012 мусоидат намоянд.

4.  Раёсати Кумитаи давлатии  амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ва Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (Бузмаков А.) амнияту тартиботи ҷамъиятиро дар ҷараёни баргузории  чорабинӣ таъмин намоянд.

5.                Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

6.        Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Хайруллоев Н. гузошта шавад.

 

                                                                          М. УБАЙДУЛЛОЕВ