Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 June 2012

Шоми 7 июни соли 2012 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро таҳти сарварии намояндаи доимии Бонки мазкур дар Тоҷикистон хонум Марша МакГро Олив бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Зимли мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тақвияти чораҳо оид ба татбиқи марҳилаи дуюми Лоиҳаи бо обтаъминкунии шаҳри Душанберо, ки тўли панҷ сол азхудкунии 16 млн $ гранти бебозгашти Бонки Умумиҷаҳонӣ ва 3 млн $ маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар бар гирифта, он хизматрасонии қарзии вазорати молияро дар ин самт  ихтисор менамояд, мавриди баррасӣ қарор дода, ҷараёни корҳои анҷомгирифтаи лоиҳавиро мусбӣ арзёбӣ намуданд.

Зикр гардид, ки марҳилаи дуюми Лоиҳа баҳри ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда ба 76, 5 ҳазор муштариён (47%) насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхонаро дар бар мегирад, масъалаи бо ҷалби институтҳои донорӣ ва саҳмгузории шаҳрдорӣ дарёфти манбаъҳои иловагӣ оид ба насби саросарии ҳисобкунакҳои обӣ ба кулли муштариён  ва ба пуррагӣ иваз намудани филтирҳои обполоишӣ дар истигоҳхои дахлдори КВД «Обу корези Душанбе» ва ҷоннок намудани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ миёни муштариён тавассути ВАО мувофиқ ба мақсад мебошад.

Дар робита ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев аз масъулини Бонки Умумиҷаҳонӣ бо дарназардошти он, ки  ин тадбирҳои иловагӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолии сокинони шаҳр нигаронида шудааст, хоҳиш ба миён овард, ки масъалаи мазкурро мавриди пажўҳиш қарор дода, баҳри амалисозии он пешниҳодоташонро ирсол доранд.