«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 June 2012

Дар бораи  баргузории «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди меҳнати кӯдакона» дар шаҳри Душанбе 

  Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи  огаҳии аҳолии шаҳри Душанбе оид ба  пешгирӣ аз истифодаи  меҳнати кӯдакона ва иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе  №554-20 аз 21 сентябри соли 2010 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои кор бо ноболиғон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2010-2015» ва дар ин замина ташаккул додани шахсияти кӯдакону наврасон, таъмини манфиатҳои қонунии онҳо ва фароҳам овардани шароити муносиб барои инкишофи маънавию ҷисмонии онҳое,  ки дар вазъи ногувори иҷтимоӣ қарор доранд ва бо дарназардошти муроҷиати Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.Бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо  Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» чорабинии «Рӯзи байналмилалии  мубориза бар зидди меҳнати кӯдакона»-ро   санаи 12 июни  соли 2012  аз соати  18-00  то  20-00  дар  Майдони  800-солагии Москва  баргузор намояд.

2.Муовини Раиси шаҳри Душанбе  Раҳимова С.Ҳ. ва и.в. раиси ноҳияи Шоҳмансур  Бобоев С.Қ. ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва мақсаднок гузаронидани чорабинии мазкур тадбирҳои мушаххас андешанд.

3.Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати Кумитаи  давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба шаҳри Душанбе риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро дар сана ва  макони баргузории чорабинӣ  таъмин намоянд.

4.Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

5.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

                                                                                     М.УБАЙДУЛЛОЕВ