Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 June 2012

19 июни соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки фаъолони пойтахт оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр доир гардид.

Қабл аз ҳама Раиси шаҳр таваҷҷӯҳи масъулинро ба татбиқи ҳадафмандонаи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба таҷлили сазвори 15-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ нигаронида, дар робита ба  ин дастуру супоришоти мушаххас дод.

Сипас, бо инобати анҷом ёфтани соли хониши 2011-2012  тибқи муқаррароти Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе масъалаи ташкили фароғати мактабиён дар лагерҳои беруназшаҳрӣ ва наздимактабию майдончаҳои спортии назди биноҳои истиқоматиро бо таъмини ҳолати санитарию экологӣ аз ҷониби масъулин матраҳ намуда, дар ин зимн барои истироҳати бехатари сокинону меҳмонони пойтахт роҳандозии назорати ҳолати кӯлу ҳавзҳои шиноварии дар марзи  шаҳри Душанбе фаъолиятдоштаро бо  дарназардошти ба роҳ мондани хадамоти наҷотидиҳии алоҳида аз ҷониби Ситоди ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании  шаҳри Душанбе дастур фармуд.

Ҳамзамон бо назардошти ҷараён доштани фасли гармо ва зиёд шудани талаботи шаҳрвандон ба нӯшокиҳои ташнашикан баҳри таъмини амнияти истеъмолӣ ва сиҳатии омма супориш дод, ки нисбати пешгирӣ аз  фурӯши нӯшокиҳои ташнашикани  ба меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ набуда дар нуқтаҳои хӯроки умумии шаҳр ва боғҳову мавзеъҳои истироҳатӣ чораҳо   тақвият дода шуда, риояи барориши саривақтии партовҳои маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо аз тарафи сохторҳои ноҳиявӣ зери назорати қатъӣ гирифта шавад.

Дар ин росто раисони ноҳияҳоро муваззаф сохт, ки  нисбати боздошт ва безараргардонии сагҳои дайду ва ҳорӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо баҳри таъмини амнияти сокинон чораҳоро пурзӯр намоянд.

Дар радифи дигар маъалаҳои хоҷагидории шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи масъулинро ба ғановати бозори истеъмолӣ ва андешидани тадбирҳо нисбати пешгирии таври стихиявӣ болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ҷалб намуда, Комиссияи марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо муваззаф сохт, ки фаъолияти бозорҳои коммуналиро дар самти захираву пешниҳоди маҳсулоти хушсифат аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони зертобеъашон мавриди санҷиш қарор диҳад.

Дар ҷаласа ҳамзамон ҳолати роҳҳо ва суръатбахшии корҳои сохтмонӣ дар роҳҳои таҷдидшавандаи шаҳр мавриди таваҷҷӯҳи шаҳрдорӣ карор гирифта, дастур гардид, ки масълаи иҷрои босифати корҳо аз рӯи мутобиқат ба меъёрҳои сохтмонӣ ва мӯҳлати анҷоми онҳо аз ҷониби пудратчиёни иншоот мавриди санҷиши сохтор ва комиссияи ҷамъиятии марбута қарор дода шавад.

Инчунин масъалаи риояи регламенти шаҳр аз ҷониби субъектҳои хизматрасонию фароғатии пойтахт, ки то соати 23-00 муқаррар гардидааст, дар ҷаласа мавриди таҳлил қарор гирифта, баҳри халалдор накардани оромию суботи сокинон ба  мақомоти дахлдори ҳифзи ҳукуқ дастур гардид, ки риояи муқаррароти мазкурро аз тарафи дилхоҳ субъекти хоҷагидорӣ новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ зери назорати қатъӣ гиранд. Зимнан баҳри риояи одоби шаҳрнишинӣ ва тартиботу ҳифзи моликияти ҷамъиятӣ дар шаҳр нисбати ҳар афроди харобкор ва ё вайронкунандаи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар сахттарин чораҳои ҷаримабандиро амалӣ  созанд.

Дар фарҷоми ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, риояи танзими расму оин дар шаҳр, пеш аз ҳама истифодаи беш аз меъёри воситаҳои нақлиёт дар ҷараёни баргузории расми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  изҳори нигаронӣ намуда, баҳри бартараф намудани чунин камбудиҳо ба масъулини соҳа ва шӯъбаи БДА-и РКД-и шаҳри Душанбе  супоришоти қатъӣ дод.

Дар робита ба масъалаи кор бо муроҷиати шаҳрвандон дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ таъкид сохт, ки баҳри баровардагии эҳтиёҷоти сокинон дар доираи салоҳиятҳои мавҷуда тадбирҳои саривақтӣ андешида, нақшаи қабули шаҳрвандон дар корхонаҳо ва вохӯриҳои ҳамарӯзаи роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо дар шаҳраку маҳаллаҳо мақсаднок риоя карда шуда, корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳии фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ тавсеа дод шаванд.