Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 June 2012

Дар бораи муваққатан қатъ гардонидани  интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе қисматҳои ҳудуди ноҳияи  Фирдавсии шаҳри Душанбе

 

          Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри иҷрои

корҳои сохтмонӣ, вобаста ба пайваст намудани қубурҳои  кӯчонидашудаи оби нӯшокӣ дар иншооти «Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Н. Қарабоев (назди бозори «Саховат»)», мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

                                       ҚАРОР  МЕКУНАМ:

          1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардида ва мувофиқашудаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» оид ба пайваст намудани қубурҳои кӯчонидашудаи оби нӯшокӣ қутрашон - 500 мм ва 600 мм дар иншооти «Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Н.Қарабоев (назди бозори «Саховат»)  ҷонибдорӣ карда шавад.

          2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷроиши корҳои пайвастнамоии қубурҳои оби нӯшокӣ қутрашон 500 мм ва 600 мм интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои шаҳракҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини зерин:

         - шаҳракҳои  61, 63, 64, маҳаллаҳои  Крупская ва Гулбутта аз соати 22 00 -и рӯзи 20 июни соли 2012 то соати 24 00 -и 21 июни соли 2012 қатъ гардонида мешавад.

          3. Аз сокинони шаҳраку маҳаллаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои ду шабонарӯз захира намоянд.

          4. Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Алиев С.А. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. дар давраи иҷрои корҳои банақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкаш, чихати таъмини сокинони шахраку маҳаллаҳои номбурда бо оби нӯшокӣ чорахо андешанд.

         5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Авғонов З.Т.) дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

         6. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба рох монад.

         7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

 
                                                                                  М. УБАЙДУЛЛОЕВ