Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 June 2012

Қарори раиси шаҲри Душанбе №317  аз 21.06.2012

Дар бораи гузаронидани чорабинии оммавӣ – фарҳангии зиддинашъамандӣ дар саҳни бинои Театри давлатии академии «Опера ва балет» - и ба номи С.Айнӣ

 

Бо мақсади рушди сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолии шаҳри Душанбе оид ба пешгирӣ, мубориза ва оқибатҳои нохуши сӯйистеъмоли воситаҳои нашъадор, муомилоти ғайриқонунии онҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №393-6 аз 11 августи соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди саломатии ҷавонони шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2013», инчунин бо дарназардошти муроҷиати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»

 

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

 

1.      Ба муносибати «Рӯзи байналмилалии мубориза бо сӯйистеъмоли воситаҳои нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он»  23 июни соли 2012  аз соати 1930 то 2130 дар саҳни бинои Театри давлатии академии «Опера ва балет»-и ба номи   С.Айнӣ  чорабинии оммавӣ-фарҳангии зиддинашъамандӣ гузаронида шавад.

2.      Муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ., и.в. раиси ноҳияи Шоҳмансур Бобоев С.Қ., сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Қурбонов Д.М. сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Темуров А. ва дигар сохторҳои мурбута вобаста ба самти фаъолияташон, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабинии мазкур  тадбирҳои амалӣ андешанд.

3.      Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе  барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанберо дар замон ва макони  баргузории чорабинӣ таъмин намоянд.

4.      Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

5.      Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ