Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 June 2012

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 516 аз   19.06.2012


Дар бораи баргузории Фестивали фарҳангии ҷавонони эҷодкор таҳти унвони «Душанбе – пойтахти сулҳ ва ризоият» дар шаҳри Душанбе

 Бо мақсади рушди сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи маънавию ахлоқии насли наврасу ҷавон, баланд бардоштани ҳисси ватанпарварию садоқат ба муқаддасоти миллӣ, завқи бадеӣ, дастгирии эҷодкорони ҷавон ва ташаббусҳои онҳо ва татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №246-2 аз 8 майи соли 2012 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили 15-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе», инчунин бо дарназардошти муроҷиати идораи нашрияи «Вечёрка», мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»

 

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

 

1.    Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 26 июни соли 2012 аз соати 1830  то 2030 дар Боғи устод Рудакӣ Фестивали фарҳангии ҷавонони эҷодкор таҳти унвони «Душанбе – пойтахти сулҳ ва ризоият» гузаронида шавад.

2.    Сенарияи баргузории Фестивали фарҳангии ҷавонони эҷодкор таҳти унвони «Душанбе-пойтахти сулҳ ва ризоят» ба инобат гирифта шуда,  сохторҳои дахлдори шаҳрӣ  баргузории онро мутобиқ ба сенарияи замимагардида дар ҳамкорӣ бо идораи нашрияи «Вечёрка» ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таъмин намоянд.

3.    Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (Қурбонов Д.М.), барои ҷалби намояндагони ҷавонони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар, ташкили намоишҳои варзишӣ, ҷалби сарояндагони ҷавону умедбахш ва ҳаваскорони макотиби олии дар шаҳри Душанбебуда тадбирҳои амалӣ андешад.

4.    Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (Бобоева Г.И.) барои ҷалби хонандагони эҷодкору лаёқатманди муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ҷиҳати таъмини ҳаваскорони хушсалиқаи маҳфилҳои фарҳангию эҷодии назди Муассиса дар чорабинии мазкур мусоидат намоянд.

5.    Шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Мӯсоева Ш.Р.) бобати таъмини чорабинӣ бо асбобҳои пахши садо чораҳои зарурӣ андешад.

6.    Аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе               (Саидов Ҷ.Ҳ.) хоҳиш карда шавад, ки бо ҷалби ташкилоти ҷамъиятии шаҳри Душанбе «Созандагони Ватан» барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмунҳои рассомӣ ва дигар маҳфилҳои шавқовари эҷодӣ аз ҳисоби ҳизбиёни ҷавон мусоидат намояд.

7.    Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (Ҳалимов Р.М.) барои тарғиби чорабинӣ дар таблоҳои электронии шаҳр, ороиши саҳнаи баргузорӣ ва омодаву насби шиору навиштаҷоти идона мусоидат намояд.

8.    Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  шаҳри Душанбе, Шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти  шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир гардидани Фестивали мазкур тадбирҳо андешанд.

9.           Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  инъикоси васеи Қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

10.      Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ