Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 June 2012

Қарори раиси шаҲри Душанбе №  360   аз   21.06. 2012

 

Дар бораи таъсиси Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар шаҳри Душанбе

 


Бо мақсади роҳандозии истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароити мусоиди техникию технологӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таҳким бахшидани муносибату ҳамкориҳои мутақобилаи байни мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон, бо дарназардошти Протоколи  ҷаласаи Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №2 аз 5 ноябри соли 2011, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 
1. Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати замимагардида таъсис ва Низомномаи он тасдиқ карда шавад (Замимаҳои №1 ва №2).

2. Муқаррар карда шавад, ки ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар шаҳри Душанбе на камтар аз як маротиба дар 6 моҳ баргузор мегардад.

3. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ