Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 June 2012

Суханронии Раиси ш. Душанбе М. Убайдулоев дар расми ифтитоҳи Фестивали фарҳангии ҷавонони эҷодкор таҳти унвони  «Душанбе – пойтахти сулҳ ва ризоият» дар шаҳри Душанбе  бахшида ба 15-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ

 

26 июни соли 2012                                   соати 18:30

Боғи Устод Рӯдакӣ

 

Ҷавонони гиромиқадр!

Меҳмонон ва ҳозирини арҷманд!

Хонумҳо ва ҷанобон!

 

Иҷозат фармоед бо сад эҳтиром 15-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки  насими боди ҳамдилӣ, ҳамраъйӣ ва ҳамоиши аҳли ҷомеаи кишвар ҳамаи Шумо - ҷавонони эҷодкору ояндасози Ватани маҳбубамонро дар Боғи Устод Рӯдакӣ, бо даъвати шаҳрдорӣ гирд овардааст, аз номи сокинону роҳбарияти пойтахти кишвар самимона шодбош  гӯем.

  Фестивали мазкур, ки бори нахуст дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мувофиқ ба ҳидоятҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, бо дарназардошти минбаъд ба ҳукми анъана воридсозии доир намудани он ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки самараи хиради азалӣ маҳсуб меёбад, саҳми босазо мегузорад.

Мутмаинем, ки ҷавонони пойтахт чун дигар ҳамтоёнашон аз тамоми кишвар бо дарки баланди масъулиятшиносӣ бо ҳусни тафоҳум, бедорию зиракии ватандорӣ, ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ дар низоми ҷаҳонишавии муносибатҳо ва касби донишҳои муосир аз худ беш аз ҳарвақта ибтикори созанда нишон медиҳанд. Зеро шаклгирии муносибатҳои ҷаҳони феълӣ ва  тақозои ҷомеаи демократӣ, ки бо такя ба институтҳои шаҳрвандӣ инкишоф ёфта, мудом дар тавсеа мебошад, аз ҳар як узви ҷомеа талаб менамояд, ки мувофиқ ба ин заруратҳои рушдкунандаи иҷтимоӣ назар, тафаккур ва усулҳои донишандӯзию корбариро ҳамеша таҷдид намояд.

Дӯстони азиз!

Итминони комил дорем, ки ҷомеаи мо, пеш аз ҳама сокинони шаҳр ва Шумо ҷавонон, ки асри пурпечутоби ХХ-ро паси сар карда, нооромию таҳаввулот ва ҷаҳонишавии арзишҳоро дар асри ХХI мушоҳида мекунед, дар роҳи ҳифзу таҳкими ҳамзистии осоишта баҳри устуворсозии рукнҳои давлатдориамон бо сарварии Президенти мамлакат - муаллиф ва тав­сеабахши даст­­овард ва фарҳанги сулҳу ваҳдат    мӯҳ­та­рам Эмомалӣ Раҳ­мон татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимои­ро фаъол­тар хоҳанд гардонд.

Замони муосир ҳамеша тақозо менамояд, ки ҳар кадоми мову Шумо дар сайқалёбиву татбиқи зарфиятҳои касбӣ баҳри устувории пойдевори ваҳдату ҳастии миллӣ ва соҳибистиқлолии кишварамон мудом дар талош бошем. Чаро, ки ҳаёт - ин бардошти таҷриба, сабқат, пажӯҳиш  ва иродаи хастагинопазир дар ҳифзи мавқеи озодагист. 

Мо имрӯз аз ҷавонони нерӯманди хеш ифтихор менамоем ва ҳамзамон боварӣ дорем, ки бо пешбурди тарзи ҳаёти солим ва мутмаин будан дар инкишофи озодонаи ҷомеа, ки тавассути меҳнати аҳлонаи шаҳрвандон дар паҳнои кишвар шароити арзанда ба ҳар як фард фароҳам меояд, бо парҳезӣ аз амалҳои номатлуби нашъамандӣ, ки чун вабои аср ҷомеаи инсониро маризи бедавои хеш мегардонад ва аз фирефта шудан  ба ҳар гуна ваъдаҳои саробсиришт бо истифода аз бедорию зиракии сиёсӣ канор меҷӯянд.

Боварӣ дорем, ки зери шиори «Ваҳдати қалбҳо алайҳи нашъамандӣ»  дар ин ҷода чораҳоро дар ҳамдастӣ бо мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ  ва ташкили корҳои ҳадафмандонаи оммавӣ пузӯр менамоед.

         Фестивали имрӯза ифодаи хушбахтию сурур ва тараннуму ризояти насли ҷавон аз  ваҳдат, сулҳу субот, осоиштагӣ, рушду равнақи бомароми Тоҷикистони азиз мебошад. Он рамзи ягонагии ҷавонон,  нишони якдиливу ҳамбастагӣ,  пайвандгари наслҳо буда, на танҳо аҳамияти бузурги фарҳангӣ, балки аҳамияти беназири  сиёсиро низ доро мебошад ва   барои боз ҳам рӯҳбаланд намудани насли ҷавон, ҷалби ҷавонон ба созандагиву ободонӣ нақши муҳим мегузорад  ва ҳисси масъулияти онҳоро баҳри рушду шукуфоии пешрафти кишварамон дучанд менамояд.

Шубҳае нест, ки бо гузашти айём наслҳои оянда аз фаъолияти шоёни ҳамагон дар таъмин ва таҳкими Ваҳдати миллӣ чун  беназиртарин дастовард ва саҳми арзанда дар тақвияту густариши арзишҳои миллӣ, баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон ва ояндаи неки шаҳрвандони он ифтихор хоҳанд кард.

 

Дӯстони арҷманд!

Ҳамоиши фарҳангӣ ва ё фестивали мазкурро дар ин фазои идона ифтитоҳ бахшида, ба сабқати солими эъҷодӣ ва кулли иштирокчиён барору комёбиҳои беназир хоҳонем. 

Бори дигар Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 15-умин  солгарди онро ба ҳамагон шодбош мегӯем!

 

Ташаккур !