Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 June 2012

 

Субҳи 27 июни соли 2012 чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба таҷлили 15 –солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  бо дар расми тантанавӣ ва иштироки Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандии 60 ҷуфт навхонадорон аз оилаҳои ниёзманди шаҳр дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Президенти мамлакат кулли навхонадоронро нисбати дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳам бастани ақди никоҳ ва аз ҷониби шаҳрдорӣ баргузор намудани тӯйи арӯсию домодии онҳо сидқан табрик намуда, бо ироаи ҳидоятҳои падаронаи хеш ба ҳар як ҷуфт дар расми тантанавӣ ангуштарҳои тиллоӣ, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва 3000 сомонӣ тақдим намуда, акси хотиравӣ гирифт.

Маврид  ба тазаккур аст, ки иқдоми мазкур дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 280 аз 30 майи соли 2012 «Дар бораи дастгирии ташаббуси эҳсонкории субъектҳои соҳибкорию хоҷагидорӣ ҷиҳати баргузории тӯйи домодию арӯсии ҷавонон аз оилаҳои камбизоат дар шаҳри Душанбе» сурат гирифта, 11 субъектҳои хоҷагидорию соҳибкории шаҳр ҳар кадомӣ 41 ҳазор сомонӣ барои иҷрои ин амали хайр ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маҷмӯъ 451 ҳазор сомонӣ хазина ташкил доданд.  Аз ҳисобии маблағоти мазкур ба ҳар як ҷуфт либосҳои тӯйонаи шинам ва ангуштарҳои тиллоӣ бо гирифтани андозаи сару либос ва ангуштҳои домоду арӯс дар Туркия муҳиммоти тӯйона омода карда шуда, сарфаи маблағҳо ба ҳар як ҷуфт 3000 сомонӣ тақдим гардид, ки ҷараёни хамаи корҳои омодагӣ зери назорати Комиссияи марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  роҳандозӣ гашт.

Дар ҷараёни баргузории расми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии 60 ҷуфт навхонадорон Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев зимни суханронӣ ва табрикоти хеш афзуд, ки  баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар асоси Қарори шаҳрдорӣ  аз 27 марти  соли 2010 «Дар бораи дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоати пойтахт» бо саҳмгузории субъектҳои соҳибкорӣ  шурӯъ аз моҳи апрели соли 2010  дар шаҳр то ба имрӯз 1824 тӯйҳои хатнасур ва 104 тӯйҳои арӯсию домодӣ бо риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир карда шуданд.

Таҷрибаи баргузории аз ҳар ноҳияи шаҳр 15 ҷуфт тӯйи домодиву арӯсие, ки ба ифтихори 15-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ феълан дар шаҳрамон амалӣ мегардад, минбаъд дар фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳукми анъана ворид шуда, вобаста ба солгарди ин санаи фархунда теъдоди ҷуфтҳои муносиб зиёд карда мешавад.

Сипас, навхонадорон, ки онҳоро дар Боғи Дӯстии Халқҳо (н.Фирдавсӣ), Боғи Ирам (н. И. Сомонӣ), Кӯли ҷавонон (н. Сино) ва майдони 800-солагии Москва базми фарҳангии ноҳияҳо ва тахтҳои шоҳона интизорӣ мекашид, раҳсипор шуда, тӯлӣ якуним соат дар ин базмгоҳҳо ширкат варзиданд.

Бо фарҷоми чорабиниҳои фарҳангӣ дар тарабхонаҳои шаҳр: Канд, Яккачинор, Роҳат ва қаҳвахонаи «Москва» тӯйҳои арӯсию домодии навхонадорон бо иштироки назикону волидонашон бо риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир карда шуданд.

Ҳамзамон тибқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ соати 1000  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» пойгаи аспдавонӣ ва соати 1800 гӯштини миллӣ дар варзишгоҳии Марказии шаҳри Душанбе барои истироҳат ва фароғати ҳаводорони варзиш баргузор гардиданд.  

Дар  КВД «Маркази Дӯстӣ- Интернет- кафе» (Боулдер - Душанбе) бошад аз соати 800 то 2300 видеоконфронсҳои муҳассилини шаҳри Душанбе, ки дар донишкадаҳои олии хориҷ аз марзи ИДМ таҳсил менамоянд, бо волидон ва ҳамтоёнашон аз пойтахт тариқи ройгон  доир карда шуд.

Чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба таҷлили сазовори 15-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ соати 20-00 бо роҳандозии барномаи мӯҳташами фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ситораҳои санъати тоҷик дар  Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт», ки дар расми ифтитоҳи он Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иштирок ва табрикоти самимона намуд, хотирмон анҷом пазируфт.

Дар маҷмӯъ чорабиниҳои шаҳрдорӣ ба ифтихори ин санаи сарнавиштсози миллӣ  бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, фазои идона дар шаҳр мутантан мувофиқ ба рисолати Душанбе- шаҳри Сулҳу ризоият ва ободониҳо таври тавсеаёбанда то шомгоҳ идома дошт.