Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 July 2012

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 374  аз 29 июни соли 2012

 

Дар   бораи   даъват  намудани  иҷлосияи

даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри  

Душанбе даъвати чорум

 

Мутобиқ ба талаботи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1.Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  даъвати чорум 12 июли соли 2012 соати 8 00  дар толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» даъват карда шавад.

2. Ба рӯзномаи иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1. Ҳисоботи муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр оид ба рафти иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли   2011   «Дар  бораи  «Ҳисоботи   Раиси  шаҳри  Душанбе  М. Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010» дар нимсолаи аввали соли 2012.

2.2.Дар бораи тасдиқ намудани «Барномаи дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2012-2014».

2.3. Дар бораи тасдиқ намудани «Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013».

2.4. Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо Сафиалоев С. Ғ. дар бораи ташкили фаъолияти муназзами хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши истифодаи умум дар хатсайрҳои амалкунандаи ҳудуди шаҳри Душанбе.

2.5. Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3. Оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ дар ҳайати замимагардида дар асоси мувофиқа таъсис дода шавад.

4. Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро ба гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум манзур намоянд.

5. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида мазмуну мундариҷаи Қарори мазкурро ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба рӯзномаи иҷлосия баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба Раиси шаҳри Душанбе манзур намояд.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф. У. гузошта шавад.

 

                                                                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ