Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 July 2012

12 июли соли 2012 дар толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  даъвати чорум  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ, субъектҳои хизматрасонию соҳибкорӣ, Кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар институтҳои шаҳрвандию намояндагони васеи воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Вакилон бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида: 

- Ҳисоботи муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр оид ба рафти иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли   2011   «Дар  бораи  «Ҳисоботи   Раиси  шаҳри  Душанбе  М. Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010» дар нимсолаи аввали соли 2012;

- Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо Сафиалоев С. Ғ. дар бораи ташкили фаъолияти муназзами хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши истифодаи умум дар хатсайрҳои амалкунандаи ҳудуди шаҳри Душанбе;

- Дар бораи тасдиқ намудани «Барномаи дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2012-2014»;

- Дар бораи тасдиқ намудани «Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013»;

- Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе;

- Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи Ҳунарпешаи халқии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, вакили мардумии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, профессор Ҳанифа Мавлонова ва Шоирони халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром ва Сафармуҳаммад Айюбӣ;

- Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, шурӯъ намуданд.

Дар иҷлосия қабл аз ҳама бо ба инобат гирифтани Ҳисоботи муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр оид ба рафти иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли   2011   «Дар  бораи  «Ҳисоботи   Раиси  шаҳри  Душанбе  М. Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010» дар нимсолаи аввали соли 2012, ҳамвора гузориши раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  дар  иртибот ба масъалаи мазкур шунида шуд.

Бо хулоса аз ҳисоботҳо ва гузоришҳои манзуршуда Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид намуд, ки новобаста аз таъмин гардидани нишондиҳандаҳои барномавӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ фаъолияти анҷомгирифта то ҳанӯз ҷавобгӯи талабот ва ниёзҳои шаҳрдорӣ нест ва ҳар як вакил ва роҳбарони соҳаву субъектҳои хоҷагидориро зарур аст, ки  дар ин самт бо ташаббус фаъолияташонро пурзӯр намоянд.

Зикр гардид, ки ҷараёни татбиқи Барномаи  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ   дар шаҳри Душанбе   оид ба самтҳои асосии тараққиёти иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии  шаҳри Душанбе дар фазои идомаи ташаббусҳои созанда ва  масъулияти шаҳрвандӣ дар соли 2012, ки фарогири бахшҳои  рушди муносибатҳои молиявию иқтисодӣ, саноат, дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, комплекси сохтмон ва ободонии шаҳр, сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳим, нақлиёт, шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат, муҳоҷират ва проблемаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, кафолати иҷтимоӣ ва дастгирии шахсони камбизоат, нигаҳдории тандурустӣ, маориф,  баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷисмонию варзиш ва сайёҳӣ, фарҳанг ва беҳдошти вазъи экологии шаҳри Душанбе мебошад, минбаъд зери назорати доимии комиссияи марбутаи депутатӣ қарор гирифта, ҳар моҳ натиҷаи иҷроиши Барнома ва нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр тариқи сомонаи шаҳрдорӣ ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» баҳри бархӯрдории аҳли ҷамоатчигӣ интишор карда шавад.

Қарор гардид, ки натиҷаи амалишавии Барнома ва Қарори мазкур дар нимсолаи дуввуми соли ҷорӣ дар иҷлосияи навбатии  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки нимаи авввали моҳи ноябр баргузор мегардад дар асоси ҳисоботи масъулини шаҳрдорӣ ва раисони комиссияҳои доимии  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд.

Дар иртибот ба масъалаи пешбурди корҳои оммавӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ, хизматрасонии коммуналию пардохти ҳаққи истифодаи онҳо  аз ҷониби Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  масъалагузориҳо сурат гирифта, муқаррар гардид, баҳри беҳдошти ҳолати экологию санитарӣ, таъмини ҳифзи муҳити зист ва тақвияти фарҳанги экологӣ дар шаҳр минбаъд ҳар рӯзи чоршанбе дар ҳудуди корхонаву муассисаҳо новобаста аз тобеият ва шакли идоравӣ ва биноҳои истиқоматию шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт бо ҷалби роҳбарият ва кормандони субъектҳои хоҷагидорӣ ва сокинони биноҳои истиқоматӣ «Соати экологӣ»  бо риояи талаботи қонунгузорӣ  ва интихоби вақти мувофиқ, ки ба раванди коргузорию истеҳсолот халал ворид намекунад таври ҳатмӣ баргузор карда шавад.

Ҳамзамон Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи масъулини шаҳрдорӣ, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони субъектҳои хизматрасонии коммуналии шаҳрро ба баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинон, ки тавассути  сомонаи интернетии шаҳрдорӣ www.mometavonem.tj  ирсол мегарданд, нигаронида, дастур фармуд, ки мониторинги ҳамарӯзаи муроҷиатҳо ва иҷроиши онҳо ба Раиси шаҳр пешниҳод карда шаванд.

Зимни шунидани ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо Сафиалоев С. Ғ. дар бораи ташкили фаъолияти муназзами хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши истифодаи умум дар хатсайрҳои амалкунандаи ҳудуди шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ба инобат гирифтани фаъолияти анҷомдода, аз камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа изҳори нигаронӣ карда, барои пурзӯр намудани фаъолият ҳайати Комиссияро бо ворид намудани  вакилон Мӯсо Асозода ва Сабоҳат Тағоймуродова  зиёд кард.

Инчунин баҳри  ба низом даровардани фаъолияти соҳа дастур дод, ки масъалаи демонополизатсияи системаи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ ва роҳандозии ислоҳоти соҳа бо назардошти ғайридавлатикунонии корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.

Дар иҷлосия аз ҷониби вакилон «Барномаи дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2012-2014» ва  «Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013» тасдиқ карда шуда, баҳри ғановати бозори истеъмолӣ дар моҳи шарифи Рамазон Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе” қабул гардид.

Ҳамзамон вакилон икдом намуданд, ки дар арафаи воридшавии ин моҳи пурбаракат ба маъюбон ва иштирокчиёни ҶВБ –и солҳои 1941-1945 аз шаҳри Душанбе бо аёдати шахсӣ кӯмаки якдафъаинаи моддӣ мерасонад.

Тибқи Қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе гузаргоҳи якуми кӯчаи Пионерскаяи ноҳияи И. Сомонӣ ба номи Ҳунарпешаи халқии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, вакили мардумии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, профессор Ҳанифа Мавлонова, кӯчаи Привокзальнаяи  ноҳияи Шоҳмансур ба  номи Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром ва кӯчаи 9 январи ноҳияи Сино ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Айюбӣ номгузорӣ карда шуданд.