Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 July 2012

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси Қарори раиси шаҲри Душанбе №440 аз 20.07.2012 «Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли вазифаи  директори  Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» барои  ишғоли вазифаи директори Муассисаи  давлатии телевизиони «Пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз  25 июл  то  25 августи  соли 2012  озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 30 августи соли 2012 эълон менамояд.

      Довталабон барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи  давлатии телевизиони «Пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ  дар  шаҳри  Душанбе  ҳуҷҷатҳои  зеринро:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

 - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи    

  4X6 );

 - тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;

 - маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

 - нусхаи шиноснома;

 

ба шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

         Довталаб бояд ҳатман соҳиби маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошад. Ба довталабони дар соҳаи журналистика таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта ва донишгоҳу донишкадаҳои  ҷумҳурӣ ва хориҷи кишварро хатм  намуда  афзалият дода мешавад.

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то   25 августи  соли 2012.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо  телефони  221-62-56  муроҷиат  намоянд.