Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 July 2012

Тавре иттилоъ дода будем ба муносибати моҳи шарифи Рамазон 9 июли соли 2012 бо ташаббуси Роҳбарияти пойтахт дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давалтӣ дар шаҳри Душанбе  аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон ва роҳбарони бозорҳои коммуналию хусусии қаламрави шаҳри Душанбе қарори протоколӣ ба имзо расонида шуда буд, ки  дар доираи он Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 149 аз 10 июли соли 2012 “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе” ба тасвиб расид, ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе № 104-10 аз 12 июли соли 2012 тасдиқ гардид.

Қарори мазкур 20 июли соли 2012 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти № 582 “А”  ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуд ва дар рӯзномаи “Паёми Душанбе” 21 июли соли 2012 расман интишор гардид ва тибқи муқаррароти моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” иҷрои он дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе ҳатмӣ  гардид.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи он дар ин моҳи пурбаракат

аз 19 июл то 20 августи соли 2012 танҳо ба фурӯшгузории дувоздаҳ намуди маҳсулот:

 як кг гӯшти гов 29,

 гӯшти говмеш 19,

гӯшти гӯсфанд 30,

як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон то 110,

1 л. равғани растанӣ то 8,

як кг биринҷи ватанӣ то 7,

 як кг шакар то 5,

1 л. шир то 3,

 як кг картошка то 2,

як кг сабзӣ то 2,2,

як кг пиёз то 1,1 ва 1 дона тухм то 0,6 сомонӣ дар ҳамаи бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ муқаррар карда шуданд.

Аз ин лиҳоз соҳибкорону тоҷирон ва роҳбарони директорони бозорҳои коммуналию хусусӣ вазифадоранд, ки баҳри ғановати дастурхони сокинон ба фурӯшгузории маҳсулоти зикргардидаро аз рӯи нархҳои муайянгардида таъмин сохта, дигар анвои маҳсулоти ниёзи аввалияро аз рӯи имону инсоф дар доираи Муроҷиатномаи  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе «Даъват ба адлу инсоф» ба савдо гузоранд.

Таҳлилҳои оморӣ аз рӯзи қабули Қарор то 24 июли соли 2012 аз он шаҳодат медиҳанд, ки нархҳои муқаррарӣ ба маҳсулоти мавриди таваҷҷӯҳ  дар марзи шаҳр комилан риоя мешаванд ва аз нархи бозорҳои Ҳисор (картошка-2,4, бехпиёз-1,3, сабзӣ-3,3, равғани растанӣ-9, шакар-5,5, як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон-2,5 сомонӣ) ва Турсунзода (картошка-2,5, сабзӣ-2,5, равғани растанӣ-8,6, шакар-5,5, гӯшти гӯсфанд-32 ва як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон-2,5 сомонӣ) паст ба фурӯш гузошта мешаванд.

Дар иртибот ба риояи муқаррароти мазкур, ки он ҳам баҳри дастгирии иҷтимоии сокинони шаҳр нигаронида шудааст, шаҳрдории Душанбе аз ҳамаи муштариён хоҳишманд аст, ки зимни мушоҳидаи вайронкунии талаботи ин санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби дилхоҳ соҳибкор бо дақиқ намудани макони бозори хизматрасон унвонии Комиссияҳои доимоамалкунандаи ҷамъиятӣ аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва сархатибу имомхатибони масҷидҳои шаҳр барои назорат ва омӯзиши болоравии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия дар: 

 

Бозори «Шоҳмансур»

 

- Сатторӣ И. (Раиси комиссия) –  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри 

                                                           Душанбе;

- Наимов М. - имомхатиби масҷиди ҷомеи «Ҷалолиддини Румӣ»;

 -Аламов Э. – мутахассиси Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри 

                         Душанбе;

- Раҳимов Н. – мудири шӯъбаи МД «Телевизиони пойтахт»;

- Наимов З. – намояндаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон.

 

Бозори «Саховат»

 

- Гулмуродов Т.Г. (Раиси комиссия) - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри

                                                                    Душанбе;

- Боқиев Ҳ.  – сархатиби масҷиди ҷомеи «Мавлавӣ Муҳаммадҷон»;

- Қурбонов К.М.- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;

- Мирзоев М. – Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии Душанбегии Ҳизби аграрии 

                             Тоҷикистон;

- Авғонов А. –   мутахассиси Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри

                             Душанбе.

                                                        Бозори «Деҳқон»

 

- Махсумов   Р. (Раиси комиссия) – сармуҳаррири  рӯзномаи  «Вечерний

                                                               Душанбе»;

- Раҳимов Ҳ. – сархатиби масҷиди ҷомеи марказии «Баҳоудини Нақшбанд»;

- Кенҷаев М. – сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Душанбе»;

- Раҳимов А. – духтури шӯъбаи гигиенаи хӯрока;

- Ҳусейнов О. – мутахассиси Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри

                            Душанбе.

Бозори «Қарияи боло»

 

- Кобулиев З. (Раиси комиссия) вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри

                                                            Душанбе;

- Сайдаҳмадов М. – имомхатиби масҷиди панҷвақтаи ба номи «Панҷруд»;

- Муродов Ҷ. – мутахассиси Маркази давлатии санитарию эпидемиологии

                             шаҳри Душанбе;

- Зуҳуров А. – мутахассиси Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри

                          Душанбе;

- Саидов Ш. – омӯзгори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон,

 

ё худ тавассути почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com нисбати чораҷӯии фаврӣ муроҷиат намоянд.

Дар сурати бетарафӣ иқдоми мазкур бе натиҷа хоҳад монд.