Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 July 2012

30 июли соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ оид ба масъалаи  ғановати анвои маҳсулоти бозори истеъмолӣ ва риояи талаботи санади меъёрии ҳуқуқӣ - Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 149 аз 10 июли соли 2012 “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе”, ки дар доираи он дар ин моҳи пурбаракат аз 19 июл то 20 августи соли 2012 танҳо ба фурӯшгузории дувоздаҳ намуди маҳсулот: як кг гӯшти гов 29,  гӯшти говмеш 19, гӯшти гӯсфанд 30, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон то 110, 1 л. равғани растанӣ то 8, як кг биринҷи ватанӣ то 7, як кг шакар то 5, 1 л. шир то 3, як кг картошка то 2, як кг сабзӣ то 2,2, як кг пиёз то 1,1 ва 1 дона тухм то 0,6 сомонӣ дар ҳамаи бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ муқаррар карда шуданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин зимн қабл аз ҳама дар асоси таҳлилҳои реалӣ ба кулли шахсони воқеию ҳуқуқии дар татбиқи Қарори мазкур бо ҳисси масъулият ва ташаббуси шахсӣ муносибат намудаанд аз номи Роҳбарияти шаҳр изҳори сипосмандӣ намуда, соҳибкорону тоҷирон ва директорони бозорҳои коммуналию хусусие, ки баҳри ғановати дастурхони сокинон ба фурӯшгузории маҳсулоти зикргардидаро аз рӯи нархҳои муайянгардида таъмин накардаанд мавриди интиқод қарор дод.

Бо эродҳои воқеӣ нисбати фаъолияти Комиссияҳои доимоамалкунандаи ҷамъиятии аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, сархатибу имомхатибони масҷидҳои шаҳр ва намояндагони ВАО барои назорат ва омӯзиши болоравии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия созмонёфта, масъулинро муваззаф сохт, ки дар доираи Муроҷиатномаи  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе «Даъват ба адлу инсоф» ба савдо гузоштани маҳсулоти зикргашта аз ҷониби тоҷирону соҳибкорон, дар иҷрои вазифаву масъулияти ба зиммаашон вогузоршуда бо масъулияти том муносибат намоянд.

Дар робита ба таъминоти ғановати бозори истеъмолӣ  ва воридоти миқдори зарурии 12 намуди маҳсулоти мавриди таваҷҷӯҳ дар шаҳри Душанбе, илова ба тадбирҳои андешидашуда муқаррар сохт, ки масъалаи назорат, ташкили воридот ва аз рӯи нархҳои муайянгардида ба фурӯшгузории орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон ба зиммаи Раёсати гумруки шаҳри Душанбе, гӯшт ва тухм- Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба шаҳри Душанбе, картошка, сабзӣ ва пиёз – Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, равғани растанӣ, биринҷ ва шакар – Прокуратураи шаҳри Душанбе ва шир ба зиммаи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Н. Комилов  гузошта шавад.

Баҳри дастгирии оилаҳои камбизоати шаҳр дар моҳи шарифи Рамазон дастур фармуд, ки аз ҳисоби шаҳрдорӣ ва бозорҳои дар марзи шаҳр фаъолияткунанда тибқи рӯйхати аз ҷониби шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии ноҳияҳо пешниҳодшаванда кӯмакҳои якдафъаина бо ташкили сабади дорои 12 намуди маҳсулоти муайянгардида расонида шаванд.

Ҳамзамон дастур фармуд, ки ҳар даҳрӯза ҳолати иҷрои ин санади меъёрию ҳуқуқӣ дар сатҳи Раиси шаҳр бо иштироки фаъолони пойтахт, соҳибкорону тоҷирон ва роҳбарони директорони бозорҳо натиҷагирӣ карда шавад.

Дар ҷаласа инчунин вазъи санитарию экологии шаҳр, ҳолати таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва хизматрасонии нақлиёти истифодаи умум зери таваҷҷӯҳи шаҳрдор қарор гирифта, ба масъулин ва мутасаддиён супоришоти мушаххас ироа карда шуд.