Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 August 2012

Тавре таҳлилҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳаи аввали сипаришудаи  моҳи Рамазон шаҳодат медиҳанд, шаҳрдории Душанбе дар ҳамбастагӣ бо аҳли ҷомеаи соҳибкорию тоҷирии шаҳр, тавонист дар таъмини иҷроиши санади меъёрии ҳуқуқӣ - Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 419 аз 10 июли соли 2012 “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе” оид ба тибқи нархҳои муайянгардида ба фурӯшгузории 12 намуди маҳсулоти мавриди таваҷҷӯҳ дар ҳамаи бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ бар хилофи ҳама сару садоҳои мавҷуда муваффақ гардад.  

Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки муқаррароти санади меъёрии ҳукуқии мазкур танҳо нисбати 12 намуди маҳсулот барои соҳибкорон ва тоҷирони тамоми бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ нигаронида шуда, зимнан аз онҳо хоҳиш карда шудааст, ки номгӯи дигари анвои маҳсулоти ниёзи аввалияро аз рӯи имону инсоф дар доираи Муроҷиатномаи  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе «Даъват ба адлу инсоф» ба савдо гузоранд.

Фаъолияти Комиссияҳои доимоамалкунандаи ҷамъиятӣ аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва имомхатибони масҷидҳои шаҳр барои назорат ва омӯзиши болоравии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳо ва дар асоси имтиёзҳои фароҳамовардаи шаҳрдорӣ ҳамраъйии соҳибкорону тоҷирон ва роҳбарони директорони бозорҳои коммуналию хусусӣ аз ин санади Раиси шаҳр  буд, ки имрӯзҳо дар бозорҳои шаҳр: як кг гӯшти гов 29,  гӯшти говмеш 19, гӯшти гӯсфанд 30, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон то 110, 1 л. равғани растанӣ то 8, як кг биринҷи ватанӣ то 7, як кг шакар то 5, 1 л. шир то 3, як кг картошка то 2, як кг сабзӣ то 2,2, як кг пиёз то 1,1 ва 1 дона тухм то 0,6 сомонӣ ба савдо гузошта шудаанд.

Тазаккур бояд дод, ки дар санаи 30 июли соли 2012 нисбат ба 2-юми июли соли равон арзиши як кг бехпиёз 18,5%, 1 л. равғани растанӣ 13,5%, як кг картошка 11,1%, як кг шакар 9,1%,   як кг гӯшти гов 5,7%, як кг сабзӣ 4,3%, , як кг биринҷи ватанӣ 3,4%, гӯшти гӯсфанд 2,8% 1 дона тухм 1,6% коҳиш ёфтаанд.

Рақамҳои омории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собит месозанд, ки нархҳои муқаррарӣ ба маҳсулоти фавқулзикр дар марзи шаҳр назар ба шаҳру ноҳияҳои истеҳсолкунандаи маҳсулот мутаносибан аз нархи бозорҳои Ҳисор (картошка-2,5, бехпиёз-1,3, сабзӣ-3,1, равғани растанӣ-9, шакар-5,5, тухм-0,65, як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон-2,7 сомонӣ), Турсунзода (картошка-2,5, сабзӣ-2,5, равғани растанӣ-8,6, шакар-5,5, гӯшти гов-30, гӯшти гӯсфанд-32 ва як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон-2,8 сомонӣ), Рашт (картошка-2,8, бехпиёз-1,7, сабзӣ-1.7, биринҷ-7,5, равғани растанӣ-9,   як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон-2,7 сомонӣ), Ваҳдат (картошка-2,2, бехпиёз-1,3, сабзӣ-2,7, биринҷ-7,2, равғани растанӣ-9,2, шакар-5,7, тухм-0,65, гӯшти гов-30, гӯшти гӯсфанд-33, як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон-2,8 сомонӣ), Хуҷанд (бехпиёз-1,25, равғани растанӣ-8,2, гӯшти гӯсфанд-35, як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон-2,7 сомонӣ), Истаравшан (картошка-2,2, сабзӣ-2,25, равғани растанӣ-8,1, гӯшти гӯсфанд-33, як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон-2,6 сомонӣ), Исфара (картошка-2,75, бехпиёз-1,5, сабзӣ-2,5, шакар-5,5, равғани растанӣ-8,15, гӯшти гӯсфанд-35, як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон-2,8 сомонӣ), Қурғонтеппа (картошка-2,6, бехпиёз-1,2, сабзӣ-3, шакар-5,3, шир-3,5, як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон-2,6 сомонӣ) ва Кӯлоб (картошка-2,5, бехпиёз-1,5, сабзӣ-3, шакар-5,2, як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон-2,6 сомонӣ) паст ба фурӯш гузошта мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки баҳри роияи муқаррароти мазкур тибқи дастури Роҳбарияти шаҳр аз ҷониби КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе“ ва маъмурияти бозорҳои коммуналӣ дар асоси шартномаҳои қаблан бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои кишоварзӣ ба имзорасонида ва илова бар он тавассути харидории маҳсулот дар ҷойҳо 446,6 тонна картошка, 309,6 тонна сабзӣ, 451 тонна бехпиёз, 93,3 тонна гӯшти гов, 41,6 тонна гӯшти гӯсфанд бевосита, беистифодаи хизмати “миёнаравҳо” ворид карда шуданд, ки ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад. Аз ҷониби соҳибкорон ва тоҷирони шаҳр бошад 172 тонна орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон, 38,3 ҳазор. литр равғани растанӣ, 85,7 тонна биринҷ, 150,4 тонна шакар, 333,7 ҳазор дона тухм ва 2550 литр шир дар бозорҳо ба фурӯш гузошта шуданд.

Аммо новобаста аз ин, ҳолатҳои алоҳидаи вайронкунии муқаррароти мазкур аз ҷониби бархе аз соҳибкорон ва тоҷирон мутаассифона ба мушоҳида мерасанд, ки саривақт нисбати онҳо аз тарафи масъулин тадбирҳои фаврӣ андешида мешаванд.

Дар иртибот ба ин Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз кулли сокинони шаҳр даъват менамояд, ки бо дастрасӣ аз ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми хариди номгӯи маҳсулоти зикргардида аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намоянд.

Дар сурати мушоҳидаи вайронкунии муқаррароти ин санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон хоҳиш менамояд, ки баҳри таҳлил ва чораандешии саривақтӣ нисбати онҳо на дар асоси ҳангомаву шунидаҳо, балки бо дақиқ нишон додани бозори хизматрасон ва рӯзу соати қонунвайронкунӣ аз ҷониби шахсони алоҳида, унвонии Комиссияҳои доимоамалкунандаи ҷамъиятии аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва имомхатибони масҷидҳои шаҳр барои назорат ва омӯзиши болоравии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳо фаъолияткунанда:

Бозори «Шоҳмансур»

 

- Сатторӣ И. (Раиси комиссия) –  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри 

                                                           Душанбе;

- Наимов М. - имомхатиби масҷиди ҷомеи «Ҷалолиддини Румӣ»;

 -Аламов Э.  – мутахассиси Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри 

                         Душанбе;

- Раҳимов Н. – мудири шӯъбаи МД «Телевизиони пойтахт»;

- Наимов З.   – намояндаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон.

 

Бозори «Саховат»

 

- Гулмуродов Т.Г. (Раиси комиссия) - вакили Маҷлиси вакилони халқи

                                                                    шаҳри Душанбе;

- Боқиев Ҳ.          – сархатиби масҷиди ҷомеи «Мавлавӣ Муҳаммадҷон»;

- Қурбонов К.М.- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;

- Мирзоев М.     – Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии Душанбегии Ҳизби

                             аграрии Тоҷикистон;

- Авғонов А. –   мутахассиси Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри

                             Душанбе.

                                                      

                                                      Бозори «Деҳқон»

 

- Махсумов   Р. (Раиси комиссия) – сармуҳаррири  рӯзномаи  «Вечерний

                                                               Душанбе»;

- Раҳимов Ҳ. – сархатиби масҷиди ҷомеи марказии «Баҳоудини

                           Нақшбанд»;

- Кенҷаев М. – сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Душанбе»;

- Раҳимов А. – духтури шӯъбаи гигиенаи хӯрока;

- Ҳусейнов О. – мутахассиси Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри

                            Душанбе.

 

 

Бозори «Қарияи боло»

 

- Кобулиев З. (Раиси комиссия) вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри

                                                            Душанбе;

- Сайдаҳмадов М. – имомхатиби масҷиди панҷвақтаи ба номи «Панҷруд»;

- Муродов Ҷ. – мутахассиси Маркази давлатии санитарию эпидемиологии

                             шаҳри Душанбе;

- Зуҳуров А. – мутахассиси Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри

                          Душанбе;

- Саидов Ш. – омӯзгори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон,  ё худ тавассути почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com муроҷиат намоянд.