Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 August 2012

 

6 августи соли 2012  дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили ғановати бозори истеъмолии шаҳри Душанбе дар моҳи шарифи Рамазон ва тақвияти чораҳо баҳри татбиқи санади меъёрии ҳуқуқӣ - Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 419 аз 10 июли соли 2012 “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе” бо иштироки соҳибкорону тоҷирон ва роҳбарони бозорҳои коммуналию хусусии қаламрави шаҳри Душанбе, ки  9 июли соли 2012 бо қабули қарори протоколии худ нисбати ба танзим даровардани 12 намуди маҳсулот бобати ба тасвиб расонидани Қарори мазкур аз ҷониби Раиси шаҳр асос гузоштанд ва комиссияҳои марбутаи назорати ҷамъиятию намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ,  доир гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев қабл аз ҳама ба ҳамаи соҳибкорону тоҷирон, сохторҳои марбута, сокинон ва воситаҳои ахбори омма, ки дар татбиқи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки маҳз ба хотири дастгирии иҷтимоии сокинон қабул гардидааст, ҳамовозӣ намуда, бо нархҳои муқаррарӣ 12 намуди маҳсулоти муайяншударо дар бозорҳо новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ ба савдо гузошта, дар моҳи шарифи Рамазон алайҳи субъектҳои “паразитӣ” бетарафиро интихоб накарданд, аз номи  Роҳбарияти шаҳр изҳори сипосмандӣ кард.

Зимнан, дар асоси таҳлилҳои оморӣ ва мушоҳидаҳои бевоситаву ҳамарӯзаи шаҳрдорӣ аз фаъолияти бозорҳои дар марзи шаҳр фаъолияткунанда, М. Убайдуллоев аз ҳолати ташкили иҷрои Қарори мазкур дар бозорҳои алоҳида изҳори нигаронӣ намуда, бори дигар бо такя имону виҷдони соҳибкорон ва директорони бозорҳо аз ҳар кадомашон даъват ва ҳидоят кард, ки дар 14 рӯзи боқимондаи  ин моҳи хайру саховат бештар аз адлу инсоф кор бигиранд.

Инчунин зикр сохт, ки ҳангомаҳои нисбати камбуди орд дар востаҳои ахбори омма ҷойдошта, заррае асоси воқеӣ надоранд, зеро тибқи оморӣ Раёсати гумруки шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2012 дар шаҳри Душанбе 81 ҳазор тонна орд аз хориҷи кишвар ворид шудааст, ки талабот ба маҳсулоти нонӣ (нон, макарон дар ҳисоб бо орд, орд, ярмаи ғалладонагиҳо, лӯбиёгӣ)  бо ҳисоби ғалла дар шаҳр на бештар аз 95,3 ҳазор тонна дар  як сол ё худ моҳона 7943 тоннаро ташкил медиҳад. Нархи муқаррарӣ- як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон то 110 сомонӣ бо инобати таҳлилҳо ва захираҳои воридоти соҳибкорон дар нимсолаи аввали соли 2012 дар асоси мувофиқа ва имкониятҳои субъектҳои ордворидкунанда дар марзи шаҳри Душанбе тасдиқ карда шудааст. Зимни бо ин нархҳо ба фурӯш гузоштани орди мавриди таваҷҷӯҳ соҳибкорон зарар нахоҳанд дид. Дар ин росто ташаббуси роҳбари ҶДММ “Назириён”- интиқолдиҳандаи яклухти орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон Қурбонов Давлатманд қобили зикр мебошад, ки аз оғози моҳи Рамазон то имрӯз 640 тонна ордро бо нархи 110 сомонӣ дар шаҳр ва бозорҳои он ба фурӯш гузошт.

Ҳамзамон афзуд, ки тибқи иттилои Раёсати гумруки шаҳри Душанбе аз 1 июл то 1 августи соли 2012 дар шаҳри Душанбе аз хориҷи кишвар умуман орд ворид нашудааст ва ҳангомаҳои гӯё орди бо нархи қиммат воридшударо бо нархҳои муқаррарӣ аз ҷониби соҳибкорон ба савдо гузоштан барзарар ва хилофи меъёрҳои иқтисоди бозоргонист, аз ҳақиқат фарсахҳо дуранд!

Танҳо як чиз мусаллам аст, ки афрод ё худ гурӯҳҳои “паразитӣ” ин ҷо бо истифода аз хизмати баъзе расонаҳои хабарӣ мехоҳанд орди қаблан арзон воридушадаро бо нархи асоси иқтисодӣ надошта ба савдо гузоранд, ки он хилофи муқаррароти ин санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, шаҳрдорӣ нахоҳад гузошт, ки дар ин самт волоияти қонун сарфи назар гардад.

Илова бар он баҳри таъмини ғановати бозори истеъмолии пойтахт  бо орд ва дигар маҳсулоти  ғаллагӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр соли 2011 ба ҶДММ “Ҷасур” 10,8 млн. сомонӣ ва соли 2012 ба КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе“ 5 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд, ки айни ҳол аз ҷониби субъектҳои мазкур дар бозорҳои шаҳр ҳамарӯза аз рӯи нархҳои муқаррарӣ беш аз 30 тонна орди навъи якуми истеҳсоли Кофарниҳон ва Шаҳринав  ба савдо гузошта шудаанд.

Гузашта аз ин ҳар рӯз дар бозорҳои шаҳр аз тарафи Агентии захираҳои моддии ҷумҳурӣ шурӯъ аз 7 августи соли равон 100 тонна орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон ва орди навъи якум ва дуюми Спитамен ба фурӯш бароварда мешаванд.

Дар ҷаласа тибқи ҳидоятҳои Маҳмадсаид Убайдуллоев соҳибкорони ба интиқолу фурӯши яклухти орд машғулбудаи шаҳр иқдом намуданд, ки аз ҳисоби захираҳои хеш ҳамарӯза 120 тонна орди навъи якумро то интиҳои моҳи Рамазон  бо нархи 110 сомонӣ дар бозорҳои шаҳр ба савдо мегузоранд. Ҷавобан ба ин ҳамраъйӣ  Раиси шаҳр муқаррар сохт, ки минбаъд дар бозорҳои шаҳр барои онҳо таври доимӣ нуқтаҳои савдо вобаста карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ дар бозорҳои шаҳр ҳамарӯза на кам аз 250 тонна орд ба фурӯш гузошта мешаванд, ки талаботи сокинони пойтахтро комилан таъмин месозад.

 

Инчунин бо хулоса аз раҳнамоиҳои шаҳрдор дар фарҷоми ҷаласа соҳибкорони ба интиқол ва фурӯши маводи сӯзишвории нақлиётӣ шуғлдошта иқдом намуданд, ки то фарҷоми моҳи Рамазон дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳр бензини навъи А92-ро 6 сомонӣ ва гази моеъро 2,3 сомонӣ ба савдо мегузоранд.