Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 August 2012

Таҳлилҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳаи дуюми сипаришудаи  моҳи Рамазон тибқи пешниҳоди Ш.Шокиров - муовини якуми директори Агентии мазкур собит месозанд, ки дар асоси тадбирҳои ҳуқуқии андешидаи шаҳрдории Душанбе дар ҳамбастагӣ бо аҳли ҷомеаи соҳибкорию тоҷирии шаҳр, нархҳои муайянгардида оид ба фурӯшгузории 12 намуди маҳсулоти мавриди таваҷҷӯҳ: як кг гӯшти гов 29,  гӯшти говмеш 19, гӯшти гӯсфанд 30, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон то 110, 1 л. равғани растанӣ то 8, як кг биринҷи ватанӣ то 7, як кг шакар то 5, 1 л. шир то 3, як кг картошка то 2, як кг сабзӣ то 2,2, як кг пиёз то 1,1 ва 1 дона тухм то 0,6 сомонӣ дар ҳамаи бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ бе тағйир риоя гардиданд. 

Тазаккур бояд дод, ки дар санаи 6 августи соли 2012 нисбат ба     2-юми июли соли равон арзиши як кг бехпиёз 19,5%, 1 л. равғани растанӣ 13,5%, як кг картошка 11,1%, як кг шакар 9,1%,   як кг гӯшти гов 5,7%, як кг сабзӣ 4,3%,  як кг биринҷи ватанӣ 3,4%, гӯшти гӯсфанд 2,8%, 1 дона тухм 1,6% коҳиш ёфтаанд.

Рақамҳои омории Агентии зикргардида шаҳодат медиҳанд, ки нархҳои муқаррарӣ ба маҳсулоти фавқулзикр дар марзи шаҳр назар ба шаҳру ноҳияҳои истеҳсолкунандаи маҳсулот мутаносибан аз нархи бозорҳои Ҳисор (картошка-2,4, бехпиёз-1,3, сабзӣ-2,7, равғани растанӣ-9, шакар-5,5, тухм-0,65, як кг орди навъи якум-2,7 сомонӣ), Турсунзода (картошка-2,2, сабзӣ-2,5, бехпиёз-1,3, равғани растанӣ-8,6, шакар-5,5, гӯшти гов-30, шир-3,5 ва як кг орди навъи якум-2,8 сомонӣ), Рашт (картошка-2,8, бехпиёз-1,6, биринҷ-7,5, равғани растанӣ-9, шакар-5,7, гӯшти гов -30 гӯшти гӯсфанд-31, тухм-0,65, як кг орди навъи якум-2,8 сомонӣ), Ваҳдат (картошка-2,2, бехпиёз-1,5, биринҷ-7,2, равғани растанӣ-9,2, шакар-5,7, тухм-0,65, гӯшти гов-30, гӯшти гӯсфанд-33, як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон-2,9 сомонӣ), Хуҷанд (бехпиёз-1,25, равғани растанӣ-8,1, гӯшти гӯсфанд-34, як кг орди навъи якум-2,65 сомонӣ), Қурғонтеппа (картошка-2,5, бехпиёз-1,5, шакар-5,3, шир-3,5, як кг орди навъи якум-2,7 сомонӣ) ва Кӯлоб (картошка-2,6, бехпиёз-1,3, сабзӣ-3, шакар-5,3, як кг орди навъи якум-2,8 сомонӣ) паст ба фурӯш гузошта мешаванд.