Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 February 2010

8  феврали соли 2010 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ  баргузор гардид.  Дар кори ҷаласа бо инобати масоили фарогир дар радифи масъулини сохторҳои дахлдори шаҳрӣ  инчунин директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Давлаталӣ  Ҳотамов ширкат варзид.

Қабл аз ҳама дар ҷаласа баҳри таъмини назорати воридот ва савдои маҳсулоти хушсифат дар бозори истеъмолии пойтахт ва ба ин васила тақвият бахшидан ба амнияти истеъмолию ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунадагон дар шаҳр зикр ёфт, ки ҳамкориҳои мутақобилаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо масъулини бозорҳои шаҳри Душанбе ҷоннок карда шавад.

Бо ин мақсад таъкид  гардид, ки комиссияи муштараки сохторҳои назорати давлатӣ  бо иштироки бевоситаи масъулини Агентии мазкур ҳолати мутобиқати маҳсулоти ба фурӯш гузошташавандаи бозорҳои шаҳр ва хизматрасониҳо дар ин самт  ба талаботи стандартиро мавриди санҷиш қарор диҳад.  Дар ин зимн диркторони бозорҳои КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунадагон вазифадор карда шуданд, ки дар мӯҳлати ду ҳафта аз тамоми бозорҳои шаҳрӣ  тарозуҳои ѓайристандартии истеҳсоли чинию эрониро барчида барои хизматрасонии мизоҷон тарозуҳои электрониро таъмин созанд.

Ба сохторҳои марбутаи шаҳрӣ  дастур гардид, ки  ҳолати насб ва истифодаи мақсадноки мошинаҳои назоратӣ - хазинавиро дар тамоми субъектҳои савдою тиҷорати дар ҳудуди шаҳр фаъолияткунанда зери назорати қатъӣ  қарор диҳанд.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ   ва сифати он изҳори нигаронӣ  намуда, муқаррар сохт, ки дар сурати бо истифода аз тамоми потенисали мавҷуда дар мӯҳлати ду ҳафта ба ифоқа наовардани фаъолияти нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ  масъулини соҳаи шаҳрдорӣ  аз муовини масъули Раиси шаҳр то директорони автобазаҳои нақлиёти коммуналию муассисаи давлатии коммуналии «Душанбе нақлиётхадамотрасон» бо инобати сардори  БДА-и Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва Хадамоти назорати давлатӣ  дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе аз вазифа сабукдуш карда мешаванд.

Бо дахли масоили ободонии шаҳр дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи масъулинро ба маъракаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ  нигаронида, баҳри тақвияти корҳо  ва ҷалби васеи ҷамоатчигӣ  ба ин амалкард муқаррар намуд, ки то Наврӯз шанбеи ҳар ҳафта дар қаламрави шаҳр маъракаи ниҳолшинонӣ  доир карда шавад.

Бо инобати фарорасии мавсими боришот дастур гашт, ки ҳолати каналу селпартоҳо зери назорат қарор гирад.

Бо мақсади ҷамъоварии маблаѓҳои хизматрасониҳои коммуналӣ  таъкид гашт, ки муассисаҳои хизматрасон тавассути кор бо муштариёни худ фаълиятро пурзӯр намуда, тибқи шартномаҳои дуҷониба сифати хизматрасониҳоро баланд бардоранд, ки ҳолати мавҷуда ѓайриқаноатбахш мебошад.

Баҳри ташкили истифодаи сарфаҷӯёнаи нерӯи барқ ва пешгирӣ  аз ҳодисаҳои сӯхтор, инчунин самаранок истифодабарии вақти корӣ  дар тамоми муассисаҳои буҷавии дорои реҷаи _ули якбастаи муқими шаҳр муқаррар гардид, ки интиқоли нерӯи  барқ аз соати 6-30 то 19-00 таъмин карда шавад. Бо ин мақсад  ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе» вазифадор гашт, ки ибтидо аз иншооти Мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар шаҳр ва ноҳияҳои Душанбе дар мӯҳлати як мох татбиқи муқаррароти мазкурро барои кулли корхонаҳои буҷавӣ  амалӣ  созад.

Ҷиҳати тақвияти фаъолият дар самти баррасии муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ  дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе зикр ёфт, ки тибқи муқаррароти дар асоси иқдоми шаҳрдорӣ  ҷоришуда лоиҳаҳои Амру Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар истеҳсолоти масъулин дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз бояд баррасӣ  карда шаванд.

Ҳамзамон, бобати бунёди фабрикаи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти саноатии пахтагин дар шаҳри Душанбе  таъкид гашт, ки шаҳрдорӣ  барои иҷрои амали мазкур миёни шахсони воқеию ҳуқукии пойтахт бо дарназардошти 51 % саҳми шаҳрдорӣ  ва 49 % саҳми хоҳишмандон озмуни кушод эълон менамояд.

Дар ҷаласа инчунин барои фаъолони шаҳр директори нави Корхонаи фаръии бақайдгирии техникии байниноҳиявии шаҳри Душанбе Зокирхӯҷа Муҳудинов ва Абдусалим Ҷӯраев сардори тозатаъини Раёсати  ҳифзи муҳити шаҳри Душанбе муаррифиӣ  карда шуданд.

Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе