Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 August 2012

 

Дар  бораи баргузории тендер

 Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани нигоҳдорию истифодабарии роҳҳои пиёдагард ва роҳравҳо, боғу гулгаштҳо, каналу селпартоҳо ва таъмири ҷории роҳҳою кӯчаҳои шаҳр, такмили заминаи моддӣ-техникии Муассисаи давлатии «Сарраёсати кабудизоркунӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор, таъмини иҷрои Қарорҳои  Маҷлиси  вакилони  халқи  шаҳри  Душанбе № 75-8 аз 22 декабри соли 2011 “Дар бораи ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев “Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010” ва №85-9 аз 19 апрели соли 2012  «Оид ба натиҷаи фаъолияти сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 ва вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, сохторҳои марбутаю аҳли ҷамоатчигии шаҳр доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013», бо дарназардошти Протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе № 93 аз 5 июни соли 2012, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 12 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

 Қарор мекунам:


1. Расмиёти хариди давлатии техникаи коммуналӣ ва роҳсозӣ барои нигоҳдории роҳҳои пиёдагард ва роҳравҳо, боғу гулгаштҳо, каналу селпартоҳо, таъмири ҷории роҳ ва кӯчаҳои шаҳр, тибқи замима бо усули баргузории озмуни харид аз тариқи иштироки номаҳдуд, ҷонибдорӣ карда шавад. 

2. Комиссияи тендерӣ ҷиҳати интихоби молрасон оид ба хариди техникаҳои коммуналӣ ва роҳсозӣ барои нигоҳдории роҳҳои пиёдагард ва роҳравҳо, боғу гулгаштҳо, каналу селпартоҳо, таъмири ҷории роҳ ва кӯчаҳои шаҳр дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро тариқи иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд.

3. Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шўъбаҳои нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия, коммуналию муҳандисӣ, таҳлилӣ  ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва  Муассисаи давлатии «Сарраёсати кабудизоркунӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон ва маводҳои заруриро барои гузаронидани тендер таъмин намояд.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) баъди баргузории тендер оид ба манбаи маблағгузории хариди техникаҳои коммуналӣ ва роҳсозӣ барои нигоҳдории роҳҳои пиёдагард, роҳравҳо, боғу гулгаштҳо, каналу селпартоҳо, таъмири ҷории роҳ ва кӯчаҳои шаҳр ба Раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод созад.

 5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

                                                                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

 

Номгўи техникаи коммуналӣ ва роҳсозӣ барои нигоҳдории роҳҳои пиёдагард ва роҳравҳо, боѓу гулгаштҳо ва таъмири ҷории роҳҳо ва кўчаҳои шаҳрӣ

 

Ҳайати комиссияи тендерӣ оиди хариди техникаи коммуналӣ ва роҳсозӣ барои  нигоҳдории  роҳҳои  пиёдагард  ва  роҳравҳо,  боғу гулгаштҳо ва таъмири ҷории роҳҳо ва кучаҳои шаҳри