Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 August 2012

Дар  бораи баргузории тендери такрорӣ

 

 

Бо мақсади таҳкими заминаи моддӣ-техникии корхонаҳои коммуналии нақлиёти мусофиркашонӣ бо дарназардошти розигии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №334 аз 19 июли соли 2012 оид ба истифода намудани усули баргузории озмуни харид аз тариқи иштироки номаҳдуд дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ ва Протоколи љаласаи Воњиди хариди Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе №87 аз 31 майи соли 2012, мутобиқ ба талаботи моддањои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 42 ва 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

 

Қарор мекунам:

 

1. Бинобар сабаби рад намудани дархостҳои тендерии довталабон аз ҷониби Комиссияи тендерӣ (протоколи №2 аз 29 майи соли 2012) ва пешниҳоди Воҳиди хариди Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе (протоколи №87 аз 31 майи соли 2012), озмуни харид ҷиҳати харидорӣ намудани 150 адад воситаи нақлиёти хурдҳаҷм барои корхонањои коммуналии воњиди давлатии шањри Душанбе бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №227 аз 30 апрели соли 2012 «Дар бораи баргузории тендери такрорӣ» эълон шуда, бекор карда шавад.

 

2. Комиссияи тендерї љињати интихоби молрасон оид ба хариди 150 адад наќлиёти мусофиркаши хурдњаљм барои корхонањои коммуналии воњиди давлатии шањри Душанбе тибќи пешнињоди Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, мутобиќ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Љумњурии Тољикистон баргузории озмуни такрории харидро тариқи иштироки номаҳдуди довталабон дар мӯҳлати на кам аз 3 (се) ҳафта, ки бо Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, таъмин намояд. 

 

 

3. Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар њамкорї бо шўъбаи наќлиёт, нигоњдории роњ ва коммуникатсияи дастгоњи Раиси шаҳри Душанбе тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Љумњурии Тољикистон эълон ва маводњои заруриро барои гузаронидани тендер таъмин намуда аз натиҷааш ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муфассал пешниҳод намояд.

 

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

 

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ