Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 August 2012

Шоми 16 августи соли 2012 бо ифтихор аз истиқболи 16 нафар варзишгарони кишвар – иштирокчиёни  Бозиҳои ХХХ-и Олимпии Лондон-2012 чорабинии бошукӯҳи фароғатию фарҳангии шаҳрдории Душанбе дар Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт»  доир карда шуд.

Дар расми баргузории он Раиси шахри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкат варзида, бо ифтихормандӣ аз сабқатҳои нишондодаи ҳамаи варзишгарон дар намудҳои варзиши олимпӣ, ки тавонистанд дар маҷмӯъ Тоҷикистони соҳибистиқлолро миёни 204 кишварҳо муаррифӣ намоянд, ба ҳар кадоми онҳо ва мураббиёнашон сидқан аз номи роҳбарияти шаҳри Душанбе изҳори сипос кард.

Зикр сохт, ки дар давоми 21 соли истиқлолият бори нахуст Тоҷикистонро 16 нафар варзишгарони номдор дар Олимпиада муаррифӣ намуданд ва ҷои ифтихор аст, ки аз ин теъдод 10 нафарашон варзишгарони шаҳри Душанбе мебошанд.

Афзуд, ки ин ҳама натиҷаи дастгириҳои Роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳанӯз 20 декабри соли 2010 зимни вохӯриашон бо варзишгарони мамлакат ба фароҳам овардани имкониятҳои васеи варзишӣ асос гузоштанд ва умедворем, ки минбаъд низ наврасону ҷавонон аз онҳо бо истифодаи самаранок ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев қаҳрамониҳои ифтихорзои ҷоизадори Бозиҳои ХХХ-и Олимпиадаи Лондон-2012, барандаи нишони биринҷӣ, дастпарвари Мактаби махсуси кӯдакону наврасону захираҳои олимпии №9-и шаҳри Душанбе оид ба бокс Мавзуна Чориеваро махсус таъкид намуда, бо қаноатмандӣ афзуд, ки чунин дастовардро ҳанӯз 36 сол муқаддам, дар Бозиҳои XXI-и Олимпиадаи Монреал - 1976 (Канада) бонуи ибратомӯзи тоҷик Зебуниссо Рустамова бароямон  армуғон оварда буд, ки инак Мавзуна Чориева онро дар асри XXI  такрор кард.

Дар байни ҳозирин Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки шаҳрдорӣ барои қадргардонии Мавзуна Чориева як хонаи сеҳуҷрагӣ аз маркази шаҳр, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ ҷудо кардааст, ки  барои интихоби ӯ дар ин мавзеъ чор вариант пешниҳод шудааст, ки бо интихоби Мавзуна Чориева барояш тақдим карда мешавад. Ҳамзамон барои эъҷоди достони қаҳрамониҳои Гурдофариди сонии тоҷик – Мавзуна Чориева миёни аҳли қалам озмуни кушодро барои дарёфти мукофоти шаҳрдорӣ эълон намуд.

Чорабинии мазкур бо ҳунарнамоиҳои ситораҳои эстрадаи тоҷик ва рақсу хурсандиҳои аҳли ҳузор бо Мавзуна Чориева ва дигар варзишгарони олимпӣ хотирмон анҷом пазируфт.