Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 August 2012

19 августи соли 2012, соати 7-30

шаҳри Душанбе, масҷиди ҷомеи марказии

 шаҳри Душанбе ба номи «Ҳоҷӣ Яъқуб»

 

Намозгузорони гиромиқадр!

 

Бо шукргузорӣ аз айёми мубораки Иди Рамазон, таманно менамоем, ки Парвардигори карим рӯзаҳои доштаи ин моҳи шарифро қабул фармуда, саодатмандӣ, бахту иқбол, тани сиҳату хотири ҷамъро ба ҳар як фарди ҷомеъаамон насиб  гардонад.

Дар воқеъ, ҳар як фарди мусулмон покию назофати зоҳиру ботинро шарти асосии тарбияи инсонӣ ва такомули маънавии худ медонад. Зеро Паёмбари гиромӣ дар гуфтору рафтори намунавии худ дар баробари покии виҷдон ва зоҳиру ботин баҳри фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагонӣ созандагию ободониро пайваста таъкид намудаанд, аз ҷумла, фармудаанд: «Бино кунед шаҳрҳоятонро бошукӯҳ». Аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст, ки аз аҳволи тозагию зебоии диёри хеш, бахусус маҳаллаву шаҳракҳо ва дар маҷмӯъ пойтахти азизамон, ки меҳмонсарои тамоми меҳмонони дохилию хориҷии кишвар аст бо хабар бошем. Агар ҳар сокини пойтахт илова ба ҳама санадҳои қабул намудаи шаҳрдорӣ дар роҳи баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ ва болобарии тафаккури экологӣ, тозагии манзил ва гирду атрофи хонаву маҳалли худро аз вазифаи имонии худ дониста, покизаву зебо нигоҳ дорад, бе муҳобот дар шаҳр ҳамагуна камбудиҳо бартараф ва озодагию фархундагӣ насиби ҳар як сокин ва меҳмононамон мегардад.

Дар ин робита, ёдовар шудан баҷост, ки Парвардигори оламиён бо мафҳуми зебо зистану аз табиати атрофу неъматҳои рангини он (ба хусус, ин табиати нотакроре, ки дар шаҳри мо аст) дуруст истифода карданро дар ояти 22-и сураи «Бақара», ҳамчунин дар оятҳои 24 ва 32-и сураи “Абаса”  ишора намудаанд.

Офаридгори донову тавоно моро барои дарёфти ҳаёти зебову созанда пайваста ҳушдор додааст, ки қадрдонии он вазифаи ҳар як фарди мусулмон мебошад. Дар ин раванд шаҳрдорӣ баҳри истироҳату фароғати болидаи сокинон бо талошу заҳмати зиёд чандин боғҳои фарҳангию фароғатии зебову рангин, ба хусус “Боғи Пойтахт”-ро мавриди истифодаи умум қарор додааст. Дар навбати худ сокинони шаҳр ва пеш аз ҳама, намозгузорону шахсони поквиҷдонро зарур аст, ки ба ин ободониҳо вусат бахшида, алайҳи ҳама хилофкорон ва гумроҳони роҳи ободӣ пойтахтамонро ҳамчун таҷассумгари шукӯҳу шаҳомати ҷумҳурии соҳибистиқлоламон зебову арзанда нигоҳ доранд.

Ҳозирини арҷманд!

  Ризоияти Худованди яктои мо ҳамеша дар ваҳдат аст ва тавассути Қуръону суннат моро ба он раҳнамоӣ кардааст.

Аз ҷумла, дар оятҳои 104-105-уми сураи “Бақара” мефармояд: Ва бояд аз шумо гурӯҳе бошанд, ки ба сӯи некӯкорӣ бихонанд ва ба кори писандида бифармоянд ва аз нописандида манъ кунанд. Ва он гурӯҳ растагоронанд. 105. Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд; ва он гурӯҳро азоби бузург аст. Ҷаноби Расулуллоҳ ҳамеша дӯстдори бисёрӣ буданд ва борҳо таъкид кардаанд, ки “Бо ҷамоати бузург ҳамроҳ бошед”. Мардумро аз тафриқа ва ҷудоӣ боз дошта, ҳатто сазои тафриқаҷӯйро оташи дӯзах медонистанд: “Ҳар кӣ ҷудо шавад аз ҷамоат, ҷудо мешавад ба сӯи оташи дӯзах”.

Соли ҷорӣ ҷашнҳои бошукӯҳе дар шаҳрамон истиқбол гирифта шуд ва маҳз ҷашни 15 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қатори онҳо беназиртарин буд. Яке аз рӯйдодҳои фараҳбахши таҷлили ин санаи фархундаву сарнавиштсози миллӣ дар асоси Қарори шаҳрдорӣ аз 27 марти соли 2010 «Дар бораи дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоати пойтахт» бо иштироки Президенти Ҷумҳурӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандии 60 ҷуфт навхонадорон аз оилаҳои ниёзманди шаҳр, ки рӯзи 27 июни соли 2012 дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мутантан барпо шуд, маҳсуб меёбад, ки дар фазои тантанавӣ ба ҳар як ҷуфт ангуштаринҳои тиллоӣ, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва 3000 сомонӣ тақдим гардид.

Дар воқеъ, ваҳдату якпорчагӣ мардумро хушбахту саодатманд мегардонад. Ризқу рӯзиро зиёд намуда, хавфу хатарҳои беҷоро дур месозад, наслҳоро ояндадору сарбаланд мегардонад. Аз ин рӯ, ин ваҳдату осоиштагие, ки дар кишвари мо бо заҳматҳои аҳли ҷомеа бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳукумфармо мебошад, дар ҳақиқат дастоварди бузурге аст ва ҳар яки моро зарур аст, ки онро дарки масъулияту самимияти хеш тавре Сарвари давлатамон дар табрикоти худ зикр намуданд, гиромӣ дорем.

Дӯстони азиз!

Таҷрибаи таърихӣ ва ҳаётӣ тақозо мекунад, ки расидан ба қадри меҳнат ва дастоварди ҳамдигариро рисолати мардонагӣ ва одоби шахсӣ бидонем. Зеро бе тарбияи ин арзишҳо  ва бефарқ будан дар муваффақияту дастовардҳои фардиву давлатӣ, ки ба нафъи ҷомеа нигаронида шудааст, ваҳдати фикрию имониро таъмин намудан номумкин мебошад.

Таври мусаллам, қаҳрамониҳои ифтихорзои ҷоизадори Бозиҳои ХХХ-и Олимпиадаи Лондон-2012, барандаи нишони биринҷӣ, дастпарвари Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №9-и шаҳрамон оид ба бокс - Мавзуна Чориева дар як фурсати кӯтоҳ дар ҷомеа фарҳанги қадр кардан аз меҳнати якдигариро тақвият бахшид, ки басо ибратбахш ва омӯзанда мебошад.

Умедворем, ки ин шӯълаи афрӯхташуда дар замири ҳар фарди ҷомеа, аз хурд то бузург ба нафъи кишвари маҳбубамон ба оташи ҷовидонаи ватандӯстию меҳанпарастӣ  табдил меёбад.

Дар ин росто, агар ҷавонони имрӯза илми муосир, хусусан равияҳои пешрафтаи илму техникаи замонавиро азхуд накунанд ва ба фаъолияти бесамар машғул шаванд, наметавонанд пешрафти ояндаи ҷомеъаамонро таъмин созанд ва чун насли созандаю боифтихори миллат ба воя расанд.

Борҳо таъкид шудааст ва боз ҳам лозим ба ёдоварист, ки ба таври ғайрирасмӣ барои таҳсил ба хориҷи кишвар рафтани як гурӯҳ ҷавонон, ки эҳтимолияти гаравидани онҳоро ба равияҳои мутаассибу ифротгаро фароҳам месозад, ҳеҷ гоҳ ба манфиати кишвару миллат ва волидайнашон намебошад. Инро бояд ҷавонони мо ва падару модарони онҳо ба хубӣ эҳсос ва дарк намоянд, зеро ифодаи манфиатҳои миллӣ ва пешгирию ҳифзи он аз ҳар гуна пешомадҳои ногувор, яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як узви ҷомеъаамон маҳсуб меёбанд.

Боварӣ дорем, ки сокинони шаҳр бо камоли масъулият моҳияти ин сиёсатро дарк ва аз он ҳамаҷониба пуштибонӣ карда, дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд” нақши муассир мегузоранд. 

Бародарони  арҷманд!

Шаҳрдорӣ бо назардошти ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба фаъолиятҳои хайриявӣ, ки як ҷузъи сарфакориҳост корҳои муайянеро анҷом медиҳад. Шурӯъ аз моҳи апрели соли 2010 то ба имрӯз дар шаҳр бо риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои 1824 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманди ҷомеа тӯйҳои хайриявии хатнасур ва 104 тӯйҳои хайриявии домодию арӯсӣ баргузор карда шудааст.

Ҳамзамон мо қарор намудем, ки ҳамасола дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ вобаста ба солгарди ин санаи фархунда зимни баргузории тӯйҳои домодиву арӯсӣ теъдоди ҷуфтҳои муносиб зиёд карда мешавад.

Тавре хуб огаҳӣ доред, имсол ба хотири садгузорӣ ба тамоюли номатлуби баландшавии арзиши маҳсулоти истеъмолӣ дар моҳи Шарифи Рамазон, новобаста аз ҳаргуна кӯшишҳои хилофкорӣ нисбати 12 намуди маҳсулоти ниёзи аввалия нархҳо дар бозорҳои шаҳр ба манфиати сокинони он  ба танзим дароварда шуданд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Боварӣ дорем, ки сокинони пойтахт, чун ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, пешоҳанги ҳамагуна иқдомоти иҷтимоии эҳсонкорию хайрхоҳӣ ва ташаббускори чорабиниҳои муҳими фарҳангию сиёсӣ хоҳанд буд.                  

Бо ҳамин ниятҳои нек Шумо ва дар симои якоякатон тамоми сокинони шаҳрамон ва кулли шаҳрвандони Ватани маҳбубамонро ба муносибати Иди саиди фитр самимона табрику муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳамагон имону ихлоси комил ва комёбию дастовардҳои нав ба нав орзу менамоем.

Ҳамеша саодатманду пирӯз бошед, дӯстони гиромиқадр!