Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 August 2012

23 августи соли 2012 дар Муассисаи давлатии «Маркази равобити пойтахт» тибқи эълони қаблӣ сӯҳбати ошкорои «Бе миёнаравҳо»-и Раиси  шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев бо иштироки беш аз 170 сокинони шаҳри Душанбе - фаъолони шабакаи иҷтимоии www.facebook.com, ки намояндагони касбу кори гуногун мебошанд, ҳамчун усули нави коргирӣ аз қабули шаҳрвандон баргузор гардид.

Иқдомоти мазкур бо дарназардошти саҳми созгори онҳо дар раванди созандагии шаҳр, интиқоди конструктивӣ ва пешниҳодоти муфиду мароқангез нисбати беҳбудбахшии фаъолияти сохторҳои шаҳрӣ сурат гирифт.

Зимни мулоқоти ошкоро, ки баҳри татбиқи муттасили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1174 аз 5 ноябри соли 2003 “Дар бораи Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва  Қарори Раиси шаҳри Душанбе №78 аз 7 феврали соли 2011 “Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ҷорӣ намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” роҳандозӣ гардид,  масоили:

- Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва бартарафсозии биноҳои камошёна, намои меъмории минбаъдаи шаҳр;

-   Ҳолати роҳҳо ва фаъолияти нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ;

- Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва лоиҳаи инноватсионии шаҳрӣ www.mometavonem.tj ;

- Дар бораи тадбирҳои ѓанигардонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи сипаришавандаи Рамазон  ва ѓайраҳо  мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби Раиси шаҳр ба саволҳои иштирокдорон посухҳои қонеъкунанда дода шуд.

Мулоқоти мазкур 5 соату 30 дакиқа идома ёфта, пахши мустақими он  бори нахуст тавассути сомонаи www.mometavonem.tj барои онҳое, ки дар ин ҳамоиш иштирок карда натавонистанд, таъмин карда шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки чунин таҷрибаи корбарӣ бо истифода аз потенсиали ҷомеаи шаҳрвандии пойтахт ҳанӯз аз соли 2003 бо таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳамкориҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳр бо ибтикори бевоситаи шаҳрдорӣ амалӣ гардида, иқдомоти мазкур баҳри пешбурди ҳаёти хоҷагидорию ободонии шаҳр самараҳои нек медиҳанд.

Бо хулоса аз мӯҳтавои сӯҳбати анҷом гирифта ва бо қаноатмандӣ аз таклифҳои ироагашта дар фарҷоми мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини шаҳрдорӣ дастур фармуд, ки баҳри татбиқи онҳо бо таҳияи нақшаи чорабиниҳои дахлдор лоиҳаи Қарори Раиси шаҳри Душанберо дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин пешниҳод намоянд.