Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 August 2012

Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №501 аз 24  августи соли 2012 «Дар бораи баргузории тендер» оид ба интихоби хизматрасон ҷиҳати баргузор намудани мушакпарронии (фейерверки) идона (5 дақиқа) бахшида ба таҷлили 21-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуморо ба сифати «Иштирокчӣ» аз  «25» то  «31» августи соли 2012

 

ба озмун даъват менамояд.

Иштироки довталабон дар озмун бо дарназардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин ба инобат гирифта мешавад:

-Оинномаи корхона;

ҷозатнома (литсензия) барои амалисозии навъҳои фаъолият;

-кафолати бонкӣ барои шартҳои дархостӣ;

-гувоҳномаи нозироти андози макони қайд;

-маълумотнома оид ба ҳаҷми умумии қарордодҳо оид ба мушакпарронии (фейерверки) идона дар 3 соли охир;

-пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.

 

Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро тавассути почтаи электронии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com ё бо рақамҳои телефонии  +992(372) 221-29-68;   37880-29-68  дастрас намоянд.

Дархостҳо бояд дар лифофаи маҳкам, мӯҳрзада то соати 1700  «31» августи соли 2012 ба шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо суроғаи: индекс 734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 18 пешниҳод карда шаванд.

Озмун рӯзи «1» сентябри соли 2012 соати 1000 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 48 баргузор мегардад.