Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 August 2012

Дар бораи ҷудо намудани маблағ

 

Бо мақсади дар арафаи таҷлили ҷашни 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кӯмаки моддӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони рафъи садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд ва кормандоне, ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд, хонаи пиронсолон, мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакону тифлон, муассисаҳои иҷтимоии шаҳр, оилаҳои камбизоат ва оилаҳое, ки дар онҳо ду ва зиёда аз он маъюбон зиндагӣ мекунанд мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 8 ва 9–и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе №3 аз 5 январи соли 2005 «Дар бораи дастгирии фаъолияти эҳсонкорӣ», 

 

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Бобоев С. Қ., Қурбонов А. Ҷ., Сафаров З. А. ва Алиев С. А.) барои дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар доираи санадҳои амалкунандаи меъёрии ҳуқуқи расонидани кӯмаки моддӣ ба хонаи пиронсолон, мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакону тифлон, муассисаҳои иҷтимоии шаҳрӣ ва оилаҳои камбизоат мусоидат намоянд.

2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 2 464 600 (ду миллиону чорсаду шасту чор ҳазору шашсад) сомонӣ ҷиҳати расонидани кӯмакпулии моддӣ, аз ҷумла 1019400 (як миллиону нуздаҳ ҳазору чорсад) сомонӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, оилаҳое, ки дар онҳо ду ва зиёда аз он маъюбон зиндагӣ мекунанд тибқи замимаи №1 ва маблағи 1 445 200 (як миллиону чорсаду чилу панҷ ҳазору дусад) сомонӣ ба кормандони Муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии ҷангал ва боғи мадании истироҳатии «Ғалаба», Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо»-и зертобеъи «Муассисаи давлатии Сарраёсати кабудизоркунии Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлати дар  шаҳри Душанбе» ва кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе тибқи замимаи №2 ҷудо намояд.                                                

3. Муқаррар карда шавад, ки тақсимот ва супоридани маблағҳои аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар банди 2-и ҳамин қарор зикргардида тавассути муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои шаҳр на дертар аз 31 августи соли равон, тариқи зайл ба роҳ монда мешавад:

- ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва оилаҳое, ки дар онҳо ду ва зиёда аз он маъюбон зиндагӣ мекунанд аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе (ноҳияи Шоҳмансур – Мансуров Ҷ., ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Раҳимова С. Ҳ., ноҳияи Сино – Хайруллоев Н. ноҳияи Фирдавсӣ – Оев А. М.), бо иштироки намояндагони Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва кормандони Раёсатҳои агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо; 

- ба кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби  муовинони Раиси шаҳри Душанбе (ноҳияи Шоҳмансур – Мансуров Ҷ., ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Раҳимова С. Ҳ., ноҳияи Сино – Хайруллоев Н., ноҳияи Фирдавсӣ – Оев А. М.) бо иштироки намояндагони Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе.

 4. Муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Қаюмов А.) истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо мувофиқи тартиби муайянгардида таъмин намояд.

5. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С Ҳ. гузошта шавад.

    

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ