Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 August 2012

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати беҳтар намудани таъмини хонандагони мактабҳои шаҳри Душанбе бо либос ва ашёҳои мактабӣ дар арафаи соли нави таҳсили 2012-2013,  тариқи ташкили ярмаркаҳои мактабии муваққатӣ аз конструксияҳои ҷамъшавандаи аз масолеҳи сабук сохташуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 11 ва 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе № 273 аз 8 июни соли 2004 «Дар бораи  чораҳои ҳатмии риоя ва иҷрои қонунгузории амалкунанда оид ба замин, сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар қаламрави пойтахт», № 86 аз 25 феврали соли 2008 ва  №214-4 аз 5 майи соли 2011 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №237 аз 8 июни соли 2004 «Дар бораи чораҳои ҳатмии риоя ва иҷрои  қонунгузории амалкунанда  оид ба замин, сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар қаламрави пойтахт»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

 

        1. Дар ҳар як ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои мактабии муваққатии фурўши либос ва ашёҳои мактабӣ бо истифода аз конструксияҳои ҷамъшавандаи аз масолеҳи сабук сохташаванда, тибқи рўйхати замимагардида ташкил карда шаванд.

         2. Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои: Сино - Сафаров З.А., Фирдавсӣ - Алиев С.А., Шоҳмансур - Бобоев С.Қ. ва И.Сомонӣ - Қурбонов А.Ҷ. ярмаркаҳои муваққатиро дар ҷойҳои муайяншуда барои фаъолият аз 27 августи соли 2012 то 20 сентябри соли 2012 дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ташкил ва баъди гузаштани мўҳлати  муқарраргардида қитъаҳои заминро ба ҳолати аввала баргардонанд.  

     3. Раёсати хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе (Исмоилов Р.), Раёсати ҳифзи муҳити зисти  шаҳри Душанбе (Ҷураев А.Ш.), Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар шаҳри Душанбе (Авғонов З.Т.) ва шахсони масъули ярмаркаҳои мактабӣ таъмини иҷрои талаботҳои  қонунгузориро оид ба вазъи санитарию экологӣ, ҳифзи табиат ва бехатарӣ аз сўхтор дар хаймаҳои муваққатӣ  таъмин намоянд.

      4. Муқаррар карда шавад, ки тамоми  хароҷот оид ба ташкили ярмаркаҳои мактабии муваққатӣ ба зиммаи сохторҳои марбута ва  ширкатҳою соҳибкорон - ташкилкунандагони фурўши либос ва  ашёҳои мактабӣ вогузор  мегардад.

      5. Шўъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори  мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

      6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми  Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н.  гузошта шавад.

 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Р Ў Й Х А Т И

 

ҷойгиркунии ярмаркаҳои  мактабии муваққатии фурўши либос ва ашёҳои мактабӣ бо  истифода аз конструксияҳои ҷамъшаванда ва аз масолеҳи сабук сохташаванда  дар шаҳри Душанбе

 

Мавзеи

ҷойгиркунӣ

Суроға

Масоҳати ярмарка

(м2)

Ташкилкунанда

(Масъул)

 

1

2

3

4

 

 

 

Дар ноҳияи Сино

 

 

 

1.

Қисмати ғарбии бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон

кўчаи Сино 41

600

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино дар якҷоя бо соҳибкорон ва тоҷирон

 

2.

Бозори «Деҳқон»

кўчаи Гипрозем 15

160

Роҳбарияти Бозори «Деҳқон»

 

3.

Бозори «Зарафшон»

кўчаи Зарафшон М-6

90

Бозори «Зарафшон»

 

4.

Бозори маҳаллаи 32

кўчаи Маяковский 32

60

Роҳбарияти Бозорчаи маҳаллаи 32

 

5.

Қисмати шарқии бозорчаи маҳаллаи 102

кўчаи Н.Махсумов 1056

200

Роҳбарияти Бозорчаи маҳаллаи 102

 

 

Дар ноҳияи Фирдавсӣ

 

 

 

1.

Назди даромадгоҳи Маркази савдои «Ганҷина»

кўчаи Н.Қаробоев-100

320

Роҳбарияти Маркази савдои «Ганҷина»

 

2.

Назди даромадгоҳи Маркази савдои «Панҷшер»

кўчаи Н.Қаробоев-100

160

Роҳбарияти  Маркази савдои «Панҷшер»

 

3.

Дохили бозори яклухтфурўшии «Корвон»

кўчаи «Южно-обходная-3»

2600

Роҳбарияти Бозори «Корвон»

 

4.

Дохили бозори «Корвон»

кўчаи «Южно-обходная-3»

450

Роҳбарияти Бозори «Корвон»

 

5.

Назди бозорчаи кўчаи Матросов

кўчаи Матросов

120

Роҳбарияти Бозорчаи кўчаи Матросов

 

 

Дар ноҳияи И.Сомонӣ

 

 

 

1.

Назди фурўшгоҳи «Олами кўдакон»

кўчаи Ф.Ниёзӣ

200

Роҳбарияти Фурўшгоҳи «Олами кўдакон»

 

2.

Дохили бозори «Варзоб»

майдони Сарҳадчиён

200

Роҳбарияти Бозори «Варзоб»

 

3.

Дохили Маркази хизматрасонии «Пойтахт»

кўчаи М.Турсунзода

100

Роҳбарияти МХ  «Пойтахт»

 

 

Дар ноҳияи Шоҳмансур

 

 

 

1.

Дохили бозори «Авиатор»

кўчаи Титов 22

350

Бозори «Авиатор»

 

2.

Дохили  мағозаи «Олами китоб»

кўчаи Лоҳутӣ 433

200

Роҳбарияти Мағозаи «Олами китоб»

 

3.

Назди бозори «Маршал»

кўчаи Айнӣ 269

120

Роҳбарияти Бозори «Маршал»