«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 August 2012

Дар бораи тасдиқи санади Комиссияи давлатии       қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфта

 

         Бинобар ба анҷом расидани сохтмони иншооти «Бинои истиқоматии 9 ошёнаи 144 квартирадор бо маркази савдо дар ошёнаҳои якум (блоки 1 ва 2)» дар заминаи иншооти «Бинои истиқоматии 9 ошёнаи 144 квартирадори сохтмонаш нотамом, воқеъ дар маҳаллаи 101-уми пойтахт» мансуб ба Корхонаи масъулияташ маҳдуди «Пойтахт», мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ», Меъёрҳою қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-01-2007 «Қабули иншоотҳои сохтмонии ба истифода омодашуда. Муқаррароти асосӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.         Санади замимагардидаи Комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфтаи «Бинои истиқоматии 9 ошёнаи 144 квартирадор бо маркази савдо дар ошёнаҳои якум (блоки 1 ва 2)» дар заминаи иншооти «Бинои истиқоматии 9 ошёнаи 144 квартирадори сохтмонаш нотамом, воқеъ дар маҳаллаи 101-уми пойтахт» мансуб ба Корхонаи масъулияташ маҳдуди «Пойтахт», бо арзиши фондҳои асосӣ 17 867 790 (ҳабдаҳ миллиону ҳаштсаду шасту ҳафт ҳазору ҳафтсаду навад) сомонӣ, тасдиқ карда шавад.

2.      Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии хуқуқӣ ба нишондиҳандаҳои давлатии оморӣ таѓйирот ворид намояд.

3.      Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе иншооти мазкурро ҳамчун моликияти Корхонаи масъулияташ маҳдуди «Пойтахт», тибқи тартиби муқарраргардида, ба қайд гирад.

4.      Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. гузошта шавад.

  М. УБАЙДУЛЛОЕВ