Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 August 2012

Дар бораи тасдиқи санадҳои Комиссияи давлатии қабули корҳои таъмири ҷории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе

 

         Бинобар ба итмом расидани корҳои таъмири ҷории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе, ки аз талаботи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №197 аз 18 апрели соли 2012 «Оид ба эҳсонкории субъектҳои соҳибкорию хоҷагидорӣ дар таъмири ҷории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе» бармеояд, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» ва Меъёрҳою қоидаҳои сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон МҚС ҶТ 12-01-2007 «Қабули иншоотҳои сохтмонии ба истифода омодашуда. Муқаррароти асосӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.   Санадҳои замимагардидаи Комиссияи давлатии қабули корҳои таъмири ҷории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе бо арзиши умумии корҳои сохтмонӣ 13 656 510 (сенздаҳ миллиону шашсаду панҷоҳу шаш ҳазору панҷсаду даҳ) сомонӣ, тасдиқ карда шавад.

2.   Корҳои таъмири ҷории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе қабул карда шавад.

3.   Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кўпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Мирзоев С.Б.) тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таъмири ҷории роҳҳои анҷомдодашударо ба тавозуни:

         - Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино ба маблаѓи 5 443 400 (панҷ миллиону чорсаду чилу се ҳазору чорсад) сомонӣ;

         - Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ ба маблаѓи 3 781 360 (се миллиону ҳафтсаду ҳаштоду як ҳазору сесаду шаст) сомонӣ;

         - Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ  ба маблаѓи 3 292 000  (се миллиону дусаду наваду ду ҳазор) сомонӣ;

         - Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур ба маблаѓи 1 139 750 (як миллиону як саду сиву нўҳ ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ) сомонӣ тибқи санадҳои дахлдор супорад.

4.  Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе ба маълумотҳои бақайдгирӣ таѓйиротҳои дахлдор ворид намоянд.

5.  Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба нишондиҳандаҳои давлатии оморӣ таѓйирот ворид намояд.

6.   Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи шўъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Уроқов И.Х.) ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ