Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 August 2012

Дар бораи додани қитъаи замин ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе барои сохтмони «Қасри теннис барои 3000  ва Қасри намудҳои варзиши обӣ барои 2000 ҷойи нишаст бо дарназардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ» дар кўчаи Карамов

  Муроҷиати Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе № 310 аз 22 июни соли 2012 оид ба сохтмони «Қасри  теннис барои 3000 ва Қасри намудҳои варзиши обӣ барои 2000 ҷойи нишаст бо дарназардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ» дар кўчаи Карамов, Қарори Раиси шаҳри Душанбе №398 аз 5 июли соли 2012 «Дар бораи ҷамъбасти озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳаҳои ангорӣ ва лоиҳакашони иншооти «Сохтмони Қасри теннис барои 3000 ва Қасри намудҳои варзиши обӣ барои 2000 ҷойи нишаст бо дарназардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ»  дар кўчаи Карамов,  санади ҷудо намудани қитъаи замин №49 аз 28 июни соли 2012, ки бо хадамоти дахлдори шаҳр мувофиқа карда шудааст, баррасӣ намуда, бо дарназардошти хулосаи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе №2/7-1211 аз 23 июли соли 2012 оид ба андозаи зарурии қитъаи замини ҷудошаванда, Протоколи ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба омўзиш ва баррасии санадҳои додани қитъаи замин барои сохтмон №4 аз 16 августи соли 2012, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни қонститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 30  Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ», Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе №273 аз 8 июни соли 2004 «Дар бораи чораҳои ҳатмии риоя ва иҷрои қонунгузории амалкунанда оид ба замин, сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар қаламрави  пойтахт», №86 аз 25 феврали  соли 2008 ва №214-4 аз 5 майи соли 2011 «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №273 аз 8 июни соли 2004, «Дар бораи чораҳои ҳатмии риоя ва иҷрои қонунгузории амалкунанда оид ба замин, сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар қаламрави пойтахт»

                                     

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1.Ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе бо тасдиқи санади замимагардидаи ҷудо намудани қитъаи замин № 49 аз 28 июни соли 2012 барои сохтмони «Қасри теннис барои 3000 ва Қасри намудҳои варзиши обӣ барои 2000  ҷойи нишаст бо дарназардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ»  дар кўчаи Карамов, қитъаи замини масоҳаташ 9,90 (нўҳу аз сад навад) гектар, дода шавад.

2.Фармоишгари иншоот Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе:

         -дар ҳамкорӣ бо пажўҳишгоҳи лоиҳакашии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ростовгипрошахт»-и  Ростови лаби Дони Федератсияи Россия корҳои лоиҳакашии иншоотро тибқи талаботи санадҳои меъёрии  ҳуқуқии амалкунанда ва қоидаю меъёрҳои сохтмонӣ-шаҳрсозӣ иҷро намояд;

         -ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ таклифи идораҳои дахлдори шаҳрро, ки дар санади ҷудо намудани қитъаи замин дарҷ гардидаанд, ба инобат гирад;

         -ба сохтмони иншоот пас аз тасдиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, дастрас намудани хулосаи экспертизаи он, Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва иҷозатномаи Бозрасии назорати давлатии меъморӣ-сохтмонии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе шурўъ намояд;

-  қитъаи замини ҷудошударо мақсаднок истифода барад;

-баъди анҷоми сохтмон иншооти мазкурро барои қабул ва мавриди истифодабарӣ қарор додан ба комиссияи давлатии қабул пешниҳод созад.

         4. Муқаррар карда шавад, ки дар сурати  аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе дар мўҳлати 3 (се) сол шурўъ накардан ба сохтмон, масъалаи бекор намудани Қарори мазкур баррасӣ карда мешавад.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ўлмасов Ф.У.  ва шўъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Шарипов Ҳ.С.)  гузошта шавад.


М.УБАЙДУЛЛОЕВ