Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 August 2012

         Дар  бораи тадбирҳои иловагии таҳлил, таҳқиқ ва натиҷагирӣ оид ба мақсаднокии идомаи сохтмони хонаҳои истиқоматии шахсӣ ва инфраструктураю иншооти муҳандисӣ дар маҳаллаи «Ховарон»

Бо мақсади харҷи сарфакоронаи маблағхои бучетӣ, таъмини бехатарӣ, риояи бечунучарои хулосаҳои сохторҳои дахлдор ҷиҳати сохтмони хонаҳои шахсӣ дар маҳаллаи «Ховарон» ва таҳлили ҳолати воқеӣ дар кварталҳои маҳаллаи мазкур, ки бунёди теъдоди зиёди хонаҳои шахсӣ бар хилофи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба вуқӯъ пайвастаанд, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 81 ва 55 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Мудири шӯъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Шарипов Ҳ.С. дар ҳамкорӣ бо Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сохторҳо ва пажӯҳишгоҳҳои дахлдор оид ба амалисозии лоиҳаи сохтмони иншооти муҳандисию роҳҳои дохили кварталҳо, тахту ҳамворкунии амудии замин баҳри бунёди хонаҳои истиқоматии шахсӣ дар кварталҳои 14 ва 15, инчунин идомаи корҳои тадқиқотию лоиҳакашӣ ва истифодаи самараноки замин дар кварталҳои боқимондаи маҳаллаи «Ховарон» таҳлили ҳамаҷониба гузаронида, дар мӯҳлати 1 моҳ ба Раиси шаҳри Душанбе  пешниҳоди асоснок ва мувофиқагардидаро ирсол намояд.

2. Раиси ноҳияи Шоҳмансур Бобоев С.Қ., раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе Абдуалимов Б.А., сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Файзуллоев Қ ва директори  Корхонаи   фаръии     байниноҳиявии        бақайдгирии   техникии   шаҳри   Душанбе   Муҳудинов З.М.   дар   ҳамкорӣ     бо  Прокуратураи     шаҳрӣ      ва    ноҳияи    Шоҳмансур дар   мӯҳлати   3 моҳ   ҳолати  воқеиро   дар кварталҳои 1 то 15 маҳаллаи «Ховарон» аз нигоҳи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии бунёди хонаю иншооти дигари шахсӣ мавриди санҷиш қарор дода, хулосаи асоснок пешниҳод намоянд ва ҳамзамон вобаста ба пешгирии амалҳои ғасби замин, сохтмонҳои худсарона ва таъмини истифодаи самараноки қитъаҳои замини аз сохтмон озод дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва лоиҳаҳои мавҷудаи маҳаллаи «Ховарон» чораҳои мушаххас ва таъхирнопазир андешанд.

         3. Аз Прокуратураи шаҳри Душанбе (Қодиров С.Г.) хоҳиш карда шавад, ки дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро вобаста ба истифодаи замин ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ дар маҳаллаи «Ховарон»-и  шаҳри Душанбе тақвият бахшида, масъалаи аз нигоҳи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба хатҳои муҳандисӣ пайваст намудани манзилҳои истиқоматии ғайриқонунӣ бунёдгардида ва ҳамзамон масъулияти соҳибмулкони онҳоро ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ мавриди омӯзиш қарор дода,бо дарназардошти натиҷаи таҳлили ҳолати воқеии хонаҳои истиқоматии ғайриқонунӣ бунёдгардида дар ин маҳал нисбати шахсони ба қонуншиканӣ роҳдода ва роҳбарони сохторҳои марбутаи дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бемасъулиятӣ зоҳирнамуда чораҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаро татбиқ намояд ва аз натиҷааш ба Раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд.

4. Муқаррар карда шавад, ки ҳамоҳангсозии иҷрои корҳои таҳлилӣ, тадқиқотӣ ва омодасозии пешниҳодҳо оид ба амалҳои ояндаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе нисбати идомаи корҳои сохтмонӣ ва бунёди иншооти инфрасохторӣ дар маҳаллаи «Ховарон» ба зиммаи шӯъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вогузор гардида, сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва раисони ноҳияҳои шаҳр вазифадор ва аз сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ хоҳиш карда шавад, ки дар ин ҷода ба шӯъбаи мазкур ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

5.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. ва шӯъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Шарипов Ҳ.С.) гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ