Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 September 2012

 

Қ А Р О Р И РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №526 аз 30 августи соли 2012

 

Дар бораи тадбирҳои иловагии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ

 

                Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷонибаи шаҳри Душанбе баҳри дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ, ободониву тозагӣ ва маърифатнокӣ таҷлил намудани ҷашни 21 солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ташкил намудани Ҳашари умумиҷумҳуриявӣ ва тақвиятбахшии корҳои сохтмониву ободонӣ, татбиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №96-10 аз 12 июли соли 2012 «Ҳисоботи муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр оид ба рафти иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011 «Дар бораи Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010» дар нимсолаи аввали соли 2012», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1.           Аз 31 август то 8 сентябри соли 2012 дар доираи Ҳашари умумиҷумҳуриявии эълонгардида барои дар қаламрави шаҳри Душанбе гузаронидани корҳои сохтмониву ободонӣ, таъмири биною иншоотҳо, тоза намудани гирду атрофи идораҳо, объектҳои иҷтимоию маишӣ, кӯчаю хиёбонҳо, обод намудани гулгаштҳо, боѓҳои истироҳатию фароѓатӣ ҷалб ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷамоатчигӣ таъмин карда шавад.

2.           Баҳри   дар   сатҳи   зарурӣ    ба    роҳ    мондани   банақшагирии  корҳои   ободонию   созандагӣ   ва   муташаккилона   гузаронидани     Ҳашари      умумиҷумҳуриявӣ      дар     ноҳияҳои    шаҳри     Душанбе   бо     роҳбарии      бевоситаи      раисони     ноҳияҳо     ситодҳои    ноҳиявӣ   ва     таҳти     назорати      қатъӣ    қарор   додани   рафти   иҷроиши   онҳо дар қаламрави шаҳр мутобиқи замима Ситоди шаҳрӣ оид ба татбиқи тадбирҳои иловагии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ таъсис дода шавад.

3.           Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе:

- вобаста ба соҳаҳои сарпараст, ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ, тавлиди дастовардҳои назаррас тадбирҳои зарурӣ андешанд;

- дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи ҳукуматию ѓайриҳукуматӣ, шаҳрвандию васоити ахбори омма, корхонаву идора ва муассисаву ташкилотҳои соҳавӣ баҳри сафарбар намудани тамоми потенсиали ҷойдошта ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Ҳашари умумиҷумҳуриявӣ чораҳои мушаххасро анҷом диҳанд.

4.           Аз роҳбарони вазоратҳою кумитаҳои давлатии ҷумҳурӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ, идораю муассисаҳои давлатию ѓайридавлатӣ, хусусию саҳомӣ, аҳли ҷамоатчигии пойтахт ва ҳар як сокини он хоҳиш карда шавад, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар татбиқи тадбирҳои ободониву созандагӣ, вобаста аз потенсиали мавҷудаашон, иштироки ҳамаҷонибаро дар Ҳашари умумиҷумҳуриявӣ таъмин намоянд.

5.           Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботии худ чораҳои ташкилотчигиро ҷиҳати гузаронидани корҳои ободонӣ ва созандагӣ тавсеа бахшида, ҷараёни онҳоро мавриди назорат қарор диҳанд.

6.           Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе гузошта шавад.

                                                                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

 

 

                   Замима

 

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№526 аз 30 августи соли 2012

 

 

 

 

Ҳайати

Ситоди шаҳрӣ

оид ба татбиқи тадбирҳои иловагии Мақомоти иҷроияи

маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ

 

 

1.                 Хайруллоев Н.    – муовини якуми Раиси шахри Душанбе,

                                           раиси Ситод;

 

2.                 Ҷӯраев А.Ш.       – сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри

                                           Душанбе, котиби Ситод;

                     аъзои ситод:

 

3.                 Оев А.М.              – муовини Раиси шаҳри Душанбе;

 

4.                 Мансуров Ҷ.М.   – муовини Раиси шаҳри Душанбе;

 

5.                 Раҳимова С.Ҳ.     – муовини Раиси шаҳри Душанбе;

 

6.                 Қурбонов А.Ҷ.    – Раиси ноҳияи И.Сомонӣ;

 

7.                 Алиев С.А.                    – Раиси ноҳияи Фирдавсӣ;

 

8.                 Сафаров З.А.       – Раиси ноҳияи Сино;

 

9.                 Бобоев С.Қ.          – Раиси ноҳияи Шоҳмансур;

 

10.            Холов А.А.                    – сардори Муассисаи давлатии «Сарраёсати

                                            кабудизоркунӣ»-и Мақомоти иҷроияи

                                           маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ш. Душанбе;

 

11.            Мирзоев С.                    – сардори Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва

   таъмири асосию ҷории  роҳҳою

   кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии

   шаҳри Душанбе;

 

12.            Авѓонов З.Т.       – сардухтури Маркази назорати давлатии

                                           санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе;

 

13.            Файзуллоев Қ.    – сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии

                                           шаҳри Душанбе.