Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 September 2012

Душанбе – пойтахти кишвар ба истиқболи 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мутобиқ ба анъаноти хеш бо раҳандозии барномаҳои фарҳангӣ, ба истифодадиҳии як идда иншооти гуногунтаъинотро аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва субъектҳои соҳибкории шаҳр армуғон месозад.

Маврид ба зикр аст, ки симои меъмории шаҳр новобаста аз ҷашнвораҳо тавассути ҳамарӯза ба истифода додани теъдоди иншооти мухталиф ҳусни нав касб намуда, ба ин васила ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон тахассус дода мешаванд.

Дар остонаи ин чашни фархунда теъдоди муайяни иншооти сохтмонашон анҷомёфта, аз ҷумла 8 майдонҳои муосири варзишӣ бо масоҳати умумии 10 ҳазор м2, ба маблағи беш аз 4  млн. сомонӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр баҳри истироҳату фароғат ва бо варзиш шуғл варзидани наврасон  барои мавриди истифодабарӣ қарор додан амалӣ мегардад.

Тазаккур бояд дод, ки феълан дар шаҳр 565 адад иншооти хурду бузурги таъиноти варзишидошта барои хизматрасонӣ фаъолият менамояд. Айни ҳол аз ҳисоби Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе тибқи барномаи шаҳрдорӣ 9 майдончаҳои варзишию солимгардонӣ бо масоҳати 26,7 ҳазор м2 ба истифода дода шуданд. Ин иқдом дар шаҳр бо вусъат ҷараён дошта, дар асоси муқаррароти шаҳрдорӣ  то соли 2015 ҳар як шаҳраку маҳаллаҳо аз ҳисоби буҷети шаҳр бо майдончаҳои муосири  варзишию солимгардонӣ таъмин карда мешаванд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе фондҳои асосӣ бо арзиши умумӣ ба маблағи 20,3 млн.сомонӣ ба истифода дода мешаванд, ки дар ин қатор сохтмони иншооти «Биноҳои истиқоматии маҳаллаи Муҳандис» бо масоҳати умумии квартираҳо 5230,4м2, «Азнавсозии роҳравҳо ва ободонии ҳудуди Маҷмааи ваҳдат ва эхёи Тоҷикистон бо Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ», «Азнавсозии роҳравҳо ва ободонии атрофи Боғи устод Рӯдакӣ» «Таъмири асосии мактаби таҳсилоти умумии №25 ноҳияи Сино марҳиллаи сеюм», «Таъмир ва мустаҳкамкунии бинои истикоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Адҳамови ноҳияи  Шоҳмансур» ва «Таъмири асосии хонаи кӯдакони №1-и  Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе» шомил мебошанд.

Ба воситаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»  бошад ба маблағи 4,6 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ, аз қабили  иншооти «Азнавсозии кӯчаи Теҳрон аз бурриши хиёбони Рӯдакӣ то дарвозаи «Қасри миллат» ва «Таъмири зердеворҳои эстакадаи кӯчаи А.Дониш бо тахтасангҳои санги хоро ва қисмати болоии он бо тахтасангҳои ғафсиашон на кам аз 50 мм, ободонии мавзеъи зери кӯпрук, воқеъ дар кӯчаи А.Дониш» барои баҳрабардорӣ супорида мешаванд.

Инчунин тавассути соҳибкорон ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ 9 иншооти таъиноти маъмурию манзилӣ ва хизматрасонӣ ба маблағи 154,7 млн. сомонӣ, аз ҷумла «Азнавсозии иншооти хусусӣ бо табдил додани он ба бинои маъмурӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 34» мансуб ба Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Индиго Тоҷикистон»- масоҳати умумии бино10102,75м2, маблағ 53,4 млн.сомонӣ, «Биноҳои истиқоматии 9 ошёна дар хиёбони И.Сомонӣ» мансуб ба ҶДММ «РОСТАДЖИНВЕСТ» - масоҳати умумии квартираҳо  11 728,0м2, маблағ 38,5 млн. сомонӣ, «Ду бинои истиқоматии 9 (нӯҳ) ошёнаи бисёрквартирадор бо ҷойгир намудани нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ дар ошёнаҳои якум дар шаҳраки 92» мансуб ба ҶДММ «Декор Инвест» - масоҳати умумии квартираҳо  5 984,0м2, маблағ 14,7 млн. сомонӣ ва «Ду бинои истиқоматии 9 ошёна бо маркази савдо дар ошёнаҳои якум, воқеъ дар маҳаллаи 101-уми пойтахт» мансуб ба КММ «Пойтахт» - масоҳати умумии квартираҳо 4 785,60м2, маблағ 17,9 млн. сомонӣ, ба истифода дода мешаванд.

         Дар маҷмӯъ ба масоҳати 31,9 ҳазор м2  манзил, 13,4 ҳазор м2  роҳу роҳравҳо, 11,7 ҳазор м2  бинои маъмурӣ  ва 10 ҳазор м2  майдончаҳои варзишӣ  бо маблағи умумии 183,7 млн. сомонӣ дар ҳоли истифодабарӣ қарор гирифтанд.