Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 September 2012

Дар  бораи  тасдиқи  санади Комиссияи давлатии қабули 17 адад аттраксиони васл, танзим ва ба кор андохташуда бо дарназардошти ду адад зериншо-оти таъиноти гуногун ва таҳкурсиҳои оҳанубето-нии бунёдгардида, корҳои сохтмонии марбут ба ободонию кабудизоркунии атрофи аттраксионҳо дар доираи навбати 2-юми маҷмўи иншооти бакор-дарояндаи «Боғи пойтахт»

 

       Бо мақсади мавриди баҳрабардорӣ қарор додани 17 (ҳабдаҳ) адад аттраксиони васл, танзим ва ба кор андохташуда бо дарназардошти ду адад зериншооти таъиноти гуногун ва таҳкурсиҳои оҳанубетонии бунёдгардида, корҳои сохтмонии марбут ба ободонию кабудизор-кунии атрофи аттраксионҳо дар доираи навбати 2-юми маҷмўи иншооти бакордарояндаи «Боғи пойтахт» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» ва Меъёрҳою қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-01-2007 «Қабули иншоотҳои сохтмонии ба истифода омодашуда. Муқаррароти асосӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1.  Санади замимагардидаи Комиссияи давлатии қабули 17 (ҳабдаҳ) адад аттраксиони васл, танзим ва ба кор андохташуда бо дарназар-дошти ду адад зериншооти таъиноти гуногун ва таҳкурсиҳои оҳану-бетонии бунёдгардида, корҳои сохтмонии марбут ба ободонию кабудизоркунии атрофи аттраксионҳо дар доираи навбати 2-юми маҷмўи иншооти бакордарояндаи «Боғи пойтахт» бо арзиши фондҳои асосӣ ба маблағи умумии 60365397 (шаст миллиону сесаду шасту панҷ ҳазору сесаду наваду ҳафт) сомонӣ тасдиқ карда шавад.

2.   17 (ҳабдаҳ) адад аттраксиони васл, танзим ва ба кор андохта-шуда ва ду адад зериншооти таъиноти гуногун бо арзиши фондҳои асосӣ ба маблағи 60365397 (шаст миллиону сесаду шасту панҷ ҳазору сесаду наваду ҳафт) сомонӣ ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе қабул карда шавад.

 

3.  Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе (Анваров С.С.) тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 (ҳабдаҳ) адад аттраксиони васл, танзим ва ба кор андохташуда ва ду адад зериншооти таъиноти гуногунро бо арзиши фондҳои асосӣ ба маблағи 60365397 (шаст миллиону сесаду шасту панҷ ҳазору сесаду наваду ҳафт) сомонӣ ба тавозуни Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи  санади дахлдор супорад.

4.Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутаносибан ба нишондиҳандаҳои давлатии оморӣ ва ба маълумотҳои бақайдгирӣ тағйиротҳои дахлдор  ворид намоянд.

5.Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

6.Назорати  иҷрои  Қарори мазкур  ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва шўъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Уроқов И.Х.) гузошта шавад.

                                                                           

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ