Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 September 2012

Cубҳи имрӯз 6 сентябри соли 2012 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бинобар сабаби сӯхтори шоми 5 сентябр ба амаломада дар ҶДММ «Бозори Корвон» аз ҷойи ҳодиса дидан намуда, бо соҳибкорони бар асари сӯхтор зарар дида мулоқоти рӯ ба рӯ доир сохт.

Зимни мулоқот зикр сохт, ки шаҳрдорӣ нахоҳад гузошт, ки дар пайомади сӯхтори рухдода ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон аз ҷониби соҳибмулки  бозор поймол карда шавад.

Бо хулоса аз натиҷаи мулоқоти доирнамудаи хеш бо соҳибкорон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдориро бо иштироки масъулини Прокуратураи генералӣ,  Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллӣ, сохторҳои зидахли шаҳрӣ ва ҶДММ «Бозори Корвон» баргузор намуда, чиҳати дар доираи қонунгузорӣ дақиқан ҳаллу фасл намудани қазияи мазкур гурӯҳи кории босалоҳиятро таъсис дод.

Дар ҷаласа тибқи изҳороти директори иҷроияи ҶДММ «Бозори Корвон» Ҳалима Мавлонова қарор гардид, ки барқарорсозии ҳудуди бар асари сӯхтор харобгардидаи бозори яклухтфурӯшии ҶДММ «Бозори Корвон» сад дар сад аз ҳисоби маъмурияти бозор барои идомаи фаъолияти соҳибкорон барқарор карда мешавад.  Бонки миллии Тоҷикистон баҳри дастгирии соҳибкорон мӯҳлати баргардонидани қарзҳои соҳибкоронро аз ҳисоби бонкҳои қарздода ду маротиба тамдид менамояд.  

Ҳамзамон дар ҷаласа аз Прокуратураи генералӣ хоҳиш карда шуд, ки дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ қазияи мазкурро комилан мавриди таҳқиқ қарор дода, нисбати шахсони дар рух додани ҳодисаи мазкур тариқи саҳлангорӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ мусоидаткарда чораҳои қонунӣ  андешад.

Ичунин зикр сохт, ки раванди корҳои таҳқиқӣ ва барқарорсозии бозори харобгардида зери назорати шахсии Раиси шаҳр сурат гирифта, дар ин зимн нахоҳад гузошт, ки ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон поймол гардад.