«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 September 2012

7 сентябри соли 2012 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Федералии Олмонро таҳти раёсати директори генералии Кумитаи шарқии иқтисодиёти Олмон ҷаноби Линдер Райнер, ки дар ин зимн  Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федералии Олмон ҷаноби Имомуддин Сатторов ҳайатро ҳамроҳӣ мекард, бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили истифодаи имкониятҳои мавҷудаи тарафҳоро барои ҷалби потенсиали субъектҳои соҳибкории Олмон дар татбиқи барномаҳои шаҳрӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои хоҷагии коммуналӣ, воридсозии таҷҳизоту технологияҳои муосири саноативу барқсарфакунанда, рушди инфрасохторӣ ва гумманитарӣ баррасӣ намуданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз таваҷҷўҳи субъектҳои соҳибкории Олмон барои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори сипос намуда, таъкид сохт, ки феълан дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионии дар бахши обтаъминкунӣ ва идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе амалишаванда ширкатҳои олмонӣ дар асоси ѓолибият дар тендерҳо фаъолият доранд ва онҳо низ имкон доранд  тибқи талаботи қонунгузории кишвар бевосита дар тендерҳои эълоннамудаи шаҳрдорӣ ширкат варзида дар татбиқи потенсиалашон муваффақ гарданд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда анҷом пазируфт.