Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 September 2012

Дар бораи тасдиқи санади комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфта

Бинобар ба анҷом расидани сохтмони иншооти «Азнавсозии сехи нонпазӣ, воқеъ дар кӯчаи Федин» мансуб ба шаҳрванд Исмоилов Н.Ҷ., мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,  моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ», Меъёрҳою қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-01-2007 «Қабули иншоотҳои сохтмонии ба истифода омодашуда. Муқаррароти асосӣ»:

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

      1.Санади замимагардидаи Комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфтаи «Азнавсозии сехи нонпазӣ, воқеъ дар кӯчаи Федин» мансуб ба шаҳрванд Исмоилов Н.Ҷ. бо арзиши фондҳои асосӣ 2 400 000 (ду миллиону чорсад ҳазор) сомонӣ, тасдиқ карда шавад.

      2.Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба нишондиҳандаҳои давлатии оморӣ таѓйирот ворид намояд.

      3.Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе иншооти мазкурро ҳамчун моликияти шаҳрванд Исмоилов Н.Ҷ.  тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирад.

 

      4.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи шӯъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Уроқов И.Х.) ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. гузошта шавад.

                                                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ