«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 September 2012

Дар бораи бо роҳи азнавташкилдиҳӣ ба  Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ҳамроҳ намудани Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Қарияи боло»

 

Бо мақсади ба вуҷуд овардани шароити мусоид, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии шаҳр бо молу мавод, пешгирии болоравии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 58-61 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:

 

 

     1. Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Қарияи боло» бо роҳи азнавташкилдиҳӣ ба Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»  ҳамроҳ карда шавад.

      3. Барои ба Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» супоридани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои амволии Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Қарияи боло» комиссия дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, дар мӯҳлати ду ҳафта тибқи санади дахлдор қабулу супоридани иншоотро тартиб диҳад ва барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.  

      4. Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба маълумоти ҳисоботӣ тағйироти дахлдорро ворид намояд. 

     5.Қарори мазкур  барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

     6. Назорати  иҷрои Қарори  мазкур ба зиммаи Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Одинаев Ҷ.Т.) ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (ӯлмасов Ф.У.) гузошта шавад.

 

                                                                                               М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Ҳ А Й А Т И

 

комиссия оид ба қабул ва супоридани иншоот ва моликияти коммуналии Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Қарияи боло» ба тавозуни Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»

 

 

1.

Рауфӣ А.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба буҷет, муқаррар намудани андозу пардохтҳои маҳаллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ, Раиси Комиссия;

 

Аъзоёни комиссия:

 

2.

Амонов С.Н.

Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

3.

Кенҷаев Д.М.

Сардори сарраёсати молияи шаҳри Душанбе;

4.

Назаров  Б.М.

Сардори Раёсати андози шаҳри Душанбе;

5.

Одинаев Ҷ.Т.

и.в. Сардори Раёсати  сармоягузорӣ ва идораи

амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

6.

Ҷумаев С.Ш.

Директори КВД «Бозори Қарияи боло»;

7.

Муминов С.А.

Директори КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»;

8.

Аралова Р.

Сармуҳосиби КВД «Бозори Қарияи боло»;

9.

Мингазова Н.

Сармуҳосиби КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе».