Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 September 2012

17 сентябри соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва комиссияҳои доимоамалкунандаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор гардид.

         Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи аҳли ҳузорро оид ба тақвияти чораҳо нисбати омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронии пешорӯ нигаронида, ба комиссияи ҷамъиятии созмонёфта дастур фармуд, ки ҳолати омодагиҳо ва ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳои бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи  шаҳри Душанбе №85-9 аз 19 апрели соли 2012 «Оид ба натиҷаи фаъолияти сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 ва вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва  ноҳияҳои он, сохторҳои марбутаю аҳли ҷамоатчигии шаҳр доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013» тасдиқгардидаро аз ҷониби сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар марзи шаҳри Душанбе  фаъолияткунанда, мавриди санҷиш қарор дода, илова ба маълумотҳои омории дар ин хусус аз ҷониби сохторҳои зидахл ба Раиси шаҳр ироагашта, аз натиҷаи санҷишҳои дар таносуби ноҳияҳои шаҳр суратгиранда, унвонии шаҳрдорӣ ахбори расмӣ манзур созанд.

         Инчунин, бо дахли масоили мухталифи ҳаёти хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама масъалаи баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъминоти муштариён бо оби нӯшокӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани ҳолати санитариву экологии шаҳр, барориши саривақтии партовҳои маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, истифодаву хизматрасонии мақсадноки боғҳои фарҳангӣ ва риояи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ  дар шаҳри Душанбе аз ҷониби сокинонро мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулини сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ дастуру супоришоти мушаххас дода, роҳбарони мақомотҳои масъули назорати давлатиро муваззаф сохт, ки дар самти фарогири  фаъолияти хизматӣ   тадбирҳои назоратиро пурзӯр намоянд.

Ҳамчун масъалаи мубрам, ҷараёни корҳои дар мӯҳлати муқарраргашта барқарорсозии қисмати бар асари сӯхтор харобгардидаи ҶДММ «Бозори Корвон», баҳри ҳимояи ҳукуқи соҳибкорони зарардида иҷроиши чораҳои таъиншуда аз ҷониби маъмурият ва соҳибмулки бозори мазкур ва ҳамоҳангсозии фаъолияти комиссияҳои марбутаи шаҳриву ҷумҳуриявиро оид ба дар мӯҳлатҳои муқаррарӣ ба анҷом расонидани ташхиси сабаб ва оқибатҳои сӯхторро дар ҶДММ «Бозори Корвон» бори дигар ба риштаи таҳлил кашида, афзуд, ки натиҷаи фаъолияти даҳрӯзаи Сидоти мазкур 19 сентябри соли 2012 дар сатҳи Раиси шаҳр  баррасӣ карда хоҳад шуд.