Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 September 2012

Дар бораи эълон намудани озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи таҷҳизони-дани иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» ва «Осоишгоҳ барои 200 ҷой» бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири тиббӣ

 

Бо мақсади дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани лоиҳаи иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» ва «Осоишгоҳ барои 200 ҷой», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

         1. Ҳайати замимагардидаи Комиссияи озмунӣ барои дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи таҷҳизонидани иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» ва «Осоишгоҳ барои 200 ҷой» бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири тиббӣ байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ аз 12 сентябр то 11 октябри соли 2012 тибқи Шартҳои замимагардида баргузории озмуни кушодро тавассути васоити ахбори омма, аз ҷумла сайти интернетии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъмин намояд ва ҷамъбасти озмунро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 13 октябри соли равон ба роҳ монда,  ба Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати эътирофи ғолиби озмун тавсия пешниҳод созад.

         2. Аз Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш кард шавад, ки ҷиҳати дар озмун иштирок намудани ташкилотҳои лоиҳакашии салоҳиятноки ватанию хориҷӣ мусоидат намояд.

         3. Шӯъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

         4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи шӯъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе (Шарипов Ҳ.С.) ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

                                                                                    

 

                                                                                            М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

        

                                                                                                  Замима

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №550-1 аз 11.09. 2012    

 

Ҳайати

Комиссияи озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари таҷҳизонидани иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» ва «Осоишгоҳ барои 200 ҷой» бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири тиббӣ

 

1

Шоев Н.Н.

-вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихобии №59, раиси Комиссия;

Аъзои комиссия:

 

2

Ёқубов Н.Х.

-профессори кафедраи «Меъморӣ ва сохтмони шаҳрсозӣ»-и Донишгоҳи техникии

Тоҷикистон ба номи Осимӣ Раиси шаҳри Душанбе;

3

Султонов М.С.

-муовини аввали директори  Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4

Таваров Р.Ҳ.

-вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихобии №33;

5

Гулмуродов Т.Г.

-роҳбари илмии Маркази ҷумҳуривии илмии ҷарроҳии рагҳои хунгард ва қафаси сина, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №27;

6

Қурбонов К.М.

-мудири кафедраи бемориҳои ҷарроҳии умумии №1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №19;

7

Шарипов Ҳ.С.

-мудири шӯъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе;

8

Темуров А.А.

-сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе;

9

Анваров С.С.

-сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе;

 

 

 

 

 

Тендерное условия

для выбора проектной организации для проектирования части технологической современной медицинской оборудовании объекта «Многопрофильная больница на 650 коек и Поликлиникой на 800 посещений в сутки» и «Профилактория для 200 мест»

 

Требования к технологической части проекта (раздел:

«Медицинская технология») для составления условий Международного конкурса (тендера) на разработку проекта по объекту: «Многопрофильная больница на 650 коек и Поликлиникой на 800 посещений в смену и Профилактория на 200 мест»