Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 September 2012

20 сентябри соли 2012 таҳти раёсати М. Убайдуллоев ҷаласаи Ситод оид ба таҳқиқу баррасӣ ва бартарафсозии оқибатҳои  сӯхтори шоми 5 сентябри соли 2012 дар бозори яклухтфурӯшии ҶДММ «Бозори Корвон» ба амаломада баргузор гардид.

Зимни баррасии фаъолияти Ситод дар даҳрўзаи аввал баҳри ҳимояи ҳукуқи соҳибкорони зарардида  ва иҷроиши чораҳои таъиншуда аз ҷониби маъмурияту соҳибмулки ҶДММ «Бозори Корвон», роҳандозии дастгириҳои иҷтимоӣ аз ҷониби бонкҳои қарздода ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор оид ба дар мўҳлатҳои муқаррарӣ ба анҷом расонидани ташхиси сабаб ва оқибатҳои сўхтор, таваҷҷўҳи масъулини ниҳодҳои марбутаро ба иҷрои бо сифату беѓаразонаи вазифаҳои таъинотии хизматӣ нигаронида, Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур фармуд, ки дар мўҳлати муқарраргардида вобаста ба самти фарогири хизматӣ тадбирҳои мушаххаси фаврӣ андешида шаванд.