Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 September 2012

Бо мақсади таҳкими заминаи моддӣ-техникии корхонаҳои коммуналии нақлиёти мусофиркашонӣ, бо дарназардошти розигии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №450 аз 21 сентябри соли 2012 оид ба истифода намудани усули баргузории озмуни харид аз тариқи иштироки номаҳдуд дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ ва Протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №167 аз 21 сентябри соли 2012, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 12, 14 ва 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

 

Қарор мекунам:

1. Бинобар сабаби рад намудани дархостҳои тендерии довталабон аз ҷониби Комиссияи тендерӣ, озмуни харид ҷиҳати харидорӣ намудани 150 адад воситаи нақлиёти хурдҳаҷм барои корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии шаҳри Душанбе Қарори Раиси шаҳри Душанбе №461 аз 30 июли соли 2012 «Дар бораи баргузории тендери такрорӣ» бекор карда шавад.

2. Комиссияи тендерӣ ҷиҳати интихоби молрасон оид ба хариди 150 адад автобуси мусофиркаши хурдҳаҷм барои корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии шаҳри Душанбе тибқи пешниҳоди Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати замимагардида таъсис дода, мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории озмуни такрории харидро тариқи иштироки номаҳдуди довталабон дар мӯҳлати на кам аз 10 (даҳ) рӯз, ки бо Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, таъмин намояд. 

3. Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон ва маводҳои заруриро барои гузаронидани тендер таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ