Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 October 2012

29 cентябри соли 2012  дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки соҳибкорону тоҷирони ба воридоту фурӯши яхлухт ва чаканаи  ғаллаву орд дар бозори истеъмолии шаҳри Душанбе машғулиятдошта, директорони бозорҳои коммуналию хусусӣ ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев бо таҳлили воқеияти нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои шаҳр, пеш ҳама бо дарназардошти тағйирёбии нархи ғалла ва орд дар кишварҳои истеҳсолкунанда ҳолати захираи мавҷудаву интиқолдиҳии ин намуди маҳсулотро дар бозори истеъмолии пойтахт дар ҳамкорӣ бо масъулини соҳа ва соҳибкорон баррасӣ намуд.

 Зимни таҳлилҳо Раиси шаҳр таваҷҷӯҳи иштирокдоронро  ба ғановати бозори истеъмолӣ, роҳ надодан ба таври стихиявӣ ва  бе асосҳои иқтисодию сӯистифода кардан аз қобилияти харидории сокинони шаҳр болобарии нарх ба дилхоҳ маҳсулот нигаронида, баҳри дастгирии истеъмолкунандагони  пойтахт соҳибкоронро ба адлу инсоф даъват намуда, баҳри пешгирӣ аз болоравии нархи орд дар бозорҳои шаҳр КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе“ ва директорони бозорҳои коммуналию хусусии шаҳрро муваззаф сохт, ки интиқолу фурӯши ордро дар бозорҳо таъмин созанд.

Ҳамзамон, муқаррар сохт, ки барои Агентии захираҳои моддии ҷумҳурӣ ва соҳибкорони ба воридоту фурӯши яхлухти орд машғулбуда, дар таносуби чор ноҳияҳои шаҳр 28 ҷойҳои савдои орд ташкил карда шавад ва аз 1 октябри соли 2012 на кам аз 300 тонна ҳамарӯза орд бо  нархи 150 сомонӣ барои як халта ба  фурӯш бароранд.