Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 October 2012

Қарори раиси шаҲри Душанбе №  589-1 аз 26.09.2012

 

Дар бораи тақвияти чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар самти пешбурди назорати ҷамъиятии фаъолияти субъектҳои хизматрасон ба аҳолӣ, корҳои ободонӣ ва густариши робита бо институтҳои шаҳрвандӣ дар шањри Душанбе

     Бо мақсади тақвияти чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар самти пешбурди назорати ҷамъиятии фаъолияти субъектҳои хизматрасон ба аҳолӣ, корҳои ободонӣ ва густариши робита бо институтҳои шаҳрвандӣ дар шањри Душанбе,  роҳандозии тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1174 аз 5 ноябри соли 2003 «Дар бораи Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе №78 аз 7 феврали соли 2011 «Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ҷорӣ намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ», №360 аз 21 июни соли 2012 «Дар бораи таъсиси Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар шаҳри Душанбе»  ва ҷалби самараноки нерӯи интститутҳои шаҳрвандӣ дар пешбурди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, бо инобати бардоштҳо аз натиҷаи мулоқоти «Бе миёнаравҳо» бо фаъолони сомонаи иҷтимоии Фейсбук  аз 23 августи соли 2012, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қарор мекунам:

1.     Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бобати амалисозии таклифу пешниҳодҳои ироагаштаи фаъолони сомонаи иҷтимоии Фейсбук  аз шаҳри Душанбе 23 августи соли 2012 зимни мулоқоти «Бе миёнаравҳо», тибқи замимаи №1 тасдиқ ва мавриди амалисозӣ қарор дода шавад ва дар асоси мувофиќа назорати иҷрои онњо ба зиммаи гурӯҳи корї тибқи замимаи №2 гузошта шавад ва муќаррар карда шавад, ки  гурӯҳи кории мазкур моҳе як маротиба ба ҷаласаҳои васеи кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва  иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъват карда мешаванд.

2.     Муовини якуми Раиси  шаҳри  Душанбе    Хайруллоев Н.,   шӯъбаҳои таҳлилӣ ва иттилоотӣ (Ҳамроев Д.Т.), коммуналию муҳандисии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Иброҳимов Р.М.) дар ҳамкорӣ бо Ибодуллоев М.Н.- роҳбари лоиҳаи инноватсионии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ  дар  шаҳри Душанбе «Мо метавонем!» дар сомонаи шаҳрии www.mometavonem.tj  баҳри ташкили назорати ҷамъиятии рафти иҷрои дархостҳои ба сомона воридшудаи шаҳрвандон оид ба рафъи мушкилоти хизматрасониҳои коммуналӣ аз ҷониби субъектҳои хизматрасони шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, инчунин таблиғи ташаббусҳои сокинон дар ҳалли дастаҷамъонаи проблемаҳои коммуналии дар шаҳраку маҳаллаҳо ҷойдошта, бахшҳои алоҳидаро на дертар аз 1 ноябри соли 2012 фаъол намоянд ва баҳри   баланд   бардоштани    фаъолияти самаранок   ва мунтазами сомона тадбирњо тибќи  замимаи №3 тасдиќ карда шаванд. 

3.     Баҳри баланд бардоштани самаранокӣ ва фаъолияти мунтазами сомонаи интерактивии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе «Мо метавонем!» масъулини иҷрои дархостҳо вобаста ба категорияҳои хизматрасонӣ дар сомонаи www.mometavonem.tj тибқи замимаи №4 тасдиқ карда шуда, дар робита ба он муовинони Раиси шањри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шањр ва роҳбарони  сохторҳои марбутаи шаҳрӣ чораҳои амалӣ андешанд.

4.     Бо дарназардошти таҷрибаи муваффақонаи хизматрасонии сомонаи шаҳрии www.mometavonem.tj муовини Раиси шаҳри Душанбе     Раҳимова С.Ҳ., роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ӯлмасов Ф.У., шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) дар ҳамкорӣ бо Ибодуллоев М. Н. - роҳбари лоиҳаи инноватсионии  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ  дар  шаҳри  Душанбе «Мо метавонем!». бо мақсади густариши робита бо институтҳои шаҳрвандӣ баҳри баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишиниву маърифати шаҳрдорӣ, сатҳи иттилоотонии сокинон аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандӣ, фароҳам овардани шароитҳои иловагӣ дар татбиқи потенсиали созандаи онҳо бо роњи ќабули мустаќими мурољиату пешнињод ва ташаббусњои созандаи шањрвандон, ки ба амалисозии барномаҳои марбут ба соҳаи фарҳангу иҷтимоиёти шаҳрдорӣ нигаронида шудаанд, ҷиҳати таҳияи лоиҳаи нави интерактивии «Бе миёнаравҳо» ва таъсису фаъолсозии сомонаи www.bemiyonaravho.tj, ки фарогири бахшњои тандурустї, маориф, фарњанг, њифзи иљтимої, варзиш, љавонон, оила ва кўдак, шуѓл, зидди коррупсия, Наќшаи генералї, инноватсия ва савдову хизматрасонї бошад, на дертар аз 15 ноябри соли 2012 чораҳои муассир андешанд.

5.     Таъмини фаъолияти самаранок ва мӯътадили сомонаи www.mometavonem.tj ба муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. ва  сомонаи www.bemiyonaravho.tj ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. вогузор карда шавад.

6.     Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути расонаҳои хабарии электронию чопӣ таъмин намояд.

7.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ўлмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бобати амалисозии таклифу пешниҳодҳои ироагаштаи фаъолони сомонаи иҷтимоии Фейсбук аз шаҳри Душанбе 23 августи соли 2012 зимни мулоқоти «Бе миёнаравҳо» бо Раиси шаҳри Душанбе

 

Гурӯҳи кории фаъолони сомонаи иҷтимоии Фейсбук аз шаҳри Душанбе

 

Тадбирҳо  баҳри баланд бардоштани фаъолияти самаранок ва мунтазами сомонаи интерактивии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе www.mometavonem.tj

 

Масъулини иҷрои дархостҳо вобаста ба категорияҳои хизматрасонӢ дар сомонаи www.mometavonem.tj ва раЌамЊои телефони субъектЊои хизматрасон, ки шаЊрвандон метавонанд муроЉиат намоянд: